Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд: ذلِکَ وَ مَنْ یُعَظِّمْ شَعائِرَ اللَّهِ فَإِنَّها مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ
(Ҳаҷ: 32). Чунонки пештар баён шуд, «шаоир» ҷамъи «шаира» ва ба маънеи нишонҳое аст, ки барои итоат ва ибодати Худованд қарор дода шудаанд.
Дар ин оят, замири «фа-иннаҳо» ба эҳтиром гузоштан ба шаоирот бармегардад, яъне ҳамин бузургдошти нишонҳои Худо аз тақвои дил бармеояд. Ба иборати дигар, робитаи амиқе миёни қалби инсон ва бузургдошти зоҳирии шаоирот вуҷуд дорад.
Изофа шудани «тақво» ба «қулуб» низ нишон медиҳад, ки сарчашмаи ҳақиқии тақво ботини инсон ва нияти холиси ӯст, на намоишҳои зоҳирӣ ё рафторҳои фиребандаи берунӣ. Тақвое, ки дар дил набошад ва танҳо дар забон ё рафтор иддао шавад, як навъ тақвои зоҳирӣ аст, ки аз нифоқ сарчашма мегирад ва арзиш надорад.
Тафсири «Руҳул-маонӣ» бар ин нукта таъкид мекунад, ки «ман» дар ин ҷумла ё барои баёни иллат аст ё барои баёни оғозгоҳ. Дар ҳар ду сурат, ин маънӣ ба даст меояд, ки бузургдошти шаоирот ё аз тақвои қалбӣ сарчашма мегирад, ё барои расидан ба он анҷом мегирад.
Фахри Розӣ низ шаоиротро нишонҳое медонад барои шиносондани амри илоҳӣ; нишонҳое ки набояд дар иҷрои онҳо сустӣ кард, балки бояд бо шавқ ва бе баҳонаҷӯӣ ба сӯи онҳо шитофт ва даъвати Худоро лаббайк гуфт.
Аз ин оят чанд паёми муҳим фаҳмида мешавад:
· Тақвои ботинӣ бояд дар рафтор ва ибодат низ зоҳир гардад.
· Бетаваҷҷӯҳӣ ба шаоирот нишондиҳандаи заъф дар тақвои қалбӣ аст.
· Бузургдошти ин нишонаҳо бояд аз рӯи ихлос ва парҳезкорӣ бошад, на аз рӯи рақобат ё риёкорӣ.
· Ва дар ниҳоят, ин қалби инсон аст, ки меъёр ва маҳалли санҷиш назди Парвардигор маҳсуб мешавад.