IQNA

Рӯзи Арафа ва иди Қурбон дар Арабистони Саудӣ

9:25 - May 29, 2025
рақами хабар: 3395
ИКНА - Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки рӯзи панҷшанбе, 5 июн рӯзи вуқуф дар Арафот, ки авҷи зиёрати солонаи Ҳаҷ ба шумор меравад, хоҳад буд. Ҳамчунин, рӯзи ҷумъа, 6 июн, аввали иди Қурбон эълон шудааст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории расмии Арабистон, Додгоҳи олии ин кишвар рӯзи чоршанбе, 28 майро рӯзи аввалини моҳи зулҳиҷҷа, ки маросими ҳаҷ дар он баргузор мегардад, эълон кард. Ин тасмим пас аз мушоҳидаи моҳи нав (ҳилоли зулҳиҷҷа) дар кишвар гирифта шуд.

Раёсати дидани ҳилоли моҳи зулҳиҷҷаи Додгоҳи олии Арабистон, пас аз баргузории ҷаласае дар шомгоҳи сешанбе ва баррасии шаҳодатҳои чанд тан аз шоҳидон дар бораи мушоҳидаи ҳилол, ба ин натиҷа расид.

Дар ҳоли ҳозир беш аз як миллион нафар барои анҷоми маросими ҳаҷи таматтуъ вориди ин кишвар шудаанд ва қарор аст аз ҳафтаи оянда маросими аслии ҳаҷ оғоз шавад. Пешбинӣ шудааст, ки шумори ҳоҷиён то ду ё се миллион нафар афзоиш ёбад.

https://iqna.ir/fa/news/4285104

captcha