Имрўз ҳам илм дар ҳоли ҷаҳиш аст, ҳам замон дар ҳоли гузар; мо дар асри таҳаввули нафасгир ба сар мебарем, замоне ки марзҳои донишу маърифат бо суръати бесобиқа ҷобаҷо мешаванд. Ҳуши сунъӣ танҳо як абзори технологӣ нест; он падидае тамаддунсоз ва муқарриркунандаи ояндаи башар аст. Чи тавр ки саноати чоп, барқ ё интернет рӯзест муносибатҳои инсониро дигаргун сохтанд, имрӯз ҳуши сунъӣ омадааст, то низоми таълиму тарбия, иқтисод, фарҳанг, динварзӣ ва ҳатто тафаккури инсонро бозмефаҳмонад.
Пурсиши бунёдӣ ин аст: ҷомеаи қуръонӣ дар куҷои ин таҳаввулот қарор дорад? Оё аҳли Қуръон — муфассирон, ҳофизон, қориён, пажӯҳишгарон ва фаъолони динӣ — мисли давраҳои пурифтихори тамаддуни исломӣ боз дар сафҳои аввали рӯёрӯӣ бо падидаҳои навинанд, ё ба тамошобиноне табдил ёфтаанд, ки дер ба равандҳои шаклгирифта посух медиҳанд?
Ин навишта бахши кӯтоҳест барои нишон додани зарурият ва фаврияти ворид шудани ҷомеаи қуръонӣ ба майдони ҳуши сунъӣ: ҳам ҳамчун имкони нодир барои хидмат ба Қуръон ва тарғиби маорифи ваҳй, ҳам ҳамчун хатари эҳтимолӣ, ки дар сурати ғафлат метавонад заминаро барои таҳрифи мафҳумҳои динӣ фароҳам оварад.
Ҳамқадамӣ бо илм — вазифаи қуръонӣ. Қуръон борҳо моро ба тафаккур, тадаббур ва касби илм даъват мекунад. Бепарвоӣ нисбат ба таҳаввулоти бунёдии илмӣ, ба монанди ҳуши сунъӣ, навъе ғафлат аз рисолати «илмомӯзӣ барои ҳидоят» аст.
Абзорсозии ҳушманд барои тарғиби маориф. Бо истифодаи дуруст аз ҳуши сунъӣ метавон нармафзорҳое офарид, ки омӯзиши ҳифз, қироат, тарҷума, тафсир, таҳлили мавзӯӣ ва посухгӯӣ ба шубҳаҳои қуръониро фарогир ва дақиқ густариш медиҳанд.
Ҷилавгирӣ аз таҳриф. Агар мутахассисони қуръонӣ дар тарроҳӣ ва тавлиди мундариҷаи динӣ дар фазои рақамӣ ва ҳуши сунъӣ ҳузур надошта бошанд, ин фазо ба дасти афроди эҳтимолан бенасби илмӣ ё ахлоқӣ меафтад — ва ин, таҳдиди ҷиддӣ ба саломатии мафҳумии Қуръон дар ҷаҳони фанноварӣ хоҳад буд.
Воридшавии фаъоли ҷомеаи қуръонӣ ба майдони ҳуши сунъӣ танҳо интихоби фанноварона нест; он зарурати динӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ аст. Чунон ки наслҳои мусалмон бо нубуғи худ тамаддун сохтанд, имрӯз низ имкон ҳаст, ки бо нури ваҳй абзорҳои ҳушмандро дар роҳи тарбияи инсони қуръонӣ ба кор гирем.
Агар ин фурсатро аз даст диҳем, дигарон хоҳанд омад ва холигии моро пур хоҳанд кард — на барои тарғиби Қуръон, балки барои тафсири дубораи он бо нигарише дур аз рӯҳи ваҳй. Пас вақти он расидааст, ки аҳли Қуръон дар майдони оянда низ парчамбардор бошанд ва бо ворид шудан ба соҳаи ҳуши сунъӣ — ки интихоби лӯкс не, балки зарурати тамаддунӣ ва масъулияти таърихист — дар роҳи рушд ва равшангарии башар қадам бигузоранд. Ин вазифаи муҳиму ҳаётӣ барои аҳли фикр, аҳли дил ва аҳли Қуръон аст.