IQNA

Ҳаҷ дар Қуръон / 5

Даъвати ҷаҳонӣ ба Ҳаҷ дар Қуръон; аз ваҳдат то баҳрабардории маънавӣ

20:49 - June 01, 2025
рақами хабар: 3410
ИКНА -  Қуръони Карим Ҳаҷро на танҳо як фарзи инфиродӣ, балки гирдиҳамоии бузурге муаррифӣ мекунад, ки баҳрабардории фарогир ва ҳам инфиродӣ ва ҳам ҷамъиро фароҳам месозад.

Дар ояти 28-и сураи Ҳаҷ омадааст: لِیَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَیَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِی أَیَّامٍ مَّعْلُومَاتٍ яъне: «То он манофеъе, ки аз они худашон аст, шоҳид бошанд ва дар рӯзҳои муайян номи Худоро ёд кунанд...». Ин оят ба равшанӣ аз аҳдофи баланду инсонсози Ҳаҷ сухан мегӯяд.

Ин аҳдоф ҳам ҷанбаи ибодӣ доранд ва ҳам ғайриибодӣ; ҳам зикри Худо ҳаст ва ҳам баҳрамандӣ аз манофеъ. Ба таъбири ин оят, инсонҳо ба сӯи Хонаи Худо (Каъба) даъват мешаванд то «шоҳиди манофеъи хеш» бошанд. Манофеие, ки ҳазрати Ризо (а) онро шомили тамоми аҳли замин — хоҳ ҳаҷкунанда ва хоҳ ғайриҳаҷкунанда — медонанд.

Ин манофеъ ба сурати мутлақ баён шудаанд ва ба як ҷиҳати хос маҳдуд нагаштаанд. Баъзе аз тафсиргарон, мисли Ибни Аббос, онро манофеъи моддӣ ва тиҷоратӣ донистаанд, бо истинод ба ояти дигар: لَیْسَ عَلَیْكُمْ جُناحٌ أَنْ تَبْتَغُوا فَضْلاً مِنْ رَبِّكُمْ (Бақара: 198).
Гурӯҳи дигар ин манофеъро танҳо маънавӣ донистаанд.

Аммо дар воқеъ, ин манофеъ ҳар ду буъди дунёву охиратро дар бар мегиранд. Яъне тамоми манофеъ ва баракатҳои маънавӣ ва натиҷаҳои моддӣ, фоидаҳои инфиродӣ ва иҷтимоӣ, фалсафаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ахлоқиро фаро мегиранд. Далели аслии ин гуфтор, истиқлоли лафзии оят аст, ки маҳдуд ба дунё ё охират нашудааст.

Мавсими бузурги Ҳаҷ метавонад маркази бедории инсонҳо бошад — хусусан онон ки ба далели фазои саркӯб ва шароити сахт дар фишоранд. Дар ин сафар, мусалмонон дар баробари намоиши ваҳдати исломӣ метавонанд бо барқарории иртибот бо якдигар аз вазъи дигар кишварҳо ва ахбори сиёсии онҳо бохабар шаванд.

Илова бар ин, эълони безорӣ аз мушрикон дар маросими Ҳаҷ, бар асоси ояти:
وَأَذَانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ۙ وَرَسُولُهُ (Тавба: 3), худ аз буъди сиёсӣ доштани мавсими Ҳаҷ ҳикоят мекунад ва метавонад макон ва фурсати мувофиқе барои эъломи сиёсатҳои умумии уммати Ислом бошад.

Хулоса, Ҳаҷ ибодате аст, ки дар он рӯҳ бо зикри Худо сайқал меёбад, ақл аз ибратҳо меомӯзад, ҷисм бо риёзат қавӣ мешавад ва уммат тавассути ваҳдат, огоҳӣ ва душманшиносӣ тавоно мегардад.

https://iqna.ir/en/news/3493274

captcha