Ба гузориши хабарнигори ИКНО, нахустин ҷаласаи Шӯрои сиёсатгузории даври ҳафтуми мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусалмон бо ҳузури Али Мунтазирӣ, раиси ҷиҳодии донишгоҳӣ, дар толори ҷаласаҳои дафтари марказии ҷиҳодии донишгоҳӣ баргузор шуд.
Али Мунтазирӣ дар бахше аз ин ҷаласа бо ишора ба ин ки шӯрои сиёсатгузорӣ болотарин марҷаи тасмимгирӣ барои баргузории мусобиқоти Қуръони донишҷӯёни мусалмон аст, гуфт: Бо вуҷуди он ки ҳамкорони мо дар Созмони қуръонии донишҷӯёни кишвар талоши пайвастае барои барномарезии ин мусобиқот доштанд, ҳар як узви ин шӯро ҳақ дорад, то барои беҳтар баргузор шудани ин мусобиқот назари худро баён кунад.
Ӯ афзуд: Барои ҷиҳодии донишгоҳӣ ифтихори бузург аст, ки бори аввал дар соли 1364 (1985 м.) садои Қуръонро дар донишгоҳҳо танинандоз кард ва тавонист донишгоҳ ва донишҷӯёнро бештар бо Қуръон ошно созад. Ин амр сабаб шуд, ки дар идома дафтари доимии мусобиқоти Қуръони донишҷӯёни кишвар таъсис ёбад. Баъдан мо шоҳиди таъсиси марказе бо номи Созмони қуръонии донишҷӯёни кишвар шудем, ки дар идома рушд ёфт ва ба як созмони мустақил табдил шуд.
Раиси Шӯрои сиёсатгузории мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусалмон таъкид кард: Дар ин масири қуръонӣ, ки тай кардем, тавонистем барои бисёре аз марказҳои омӯзишии кишвар намуна бошем ва Вазорати улуми Эрон, Вазорати беҳдошт ва ғайра тавонистанд бо пайравӣ аз ҷиҳодии донишгоҳӣ, мусобиқоти Қуръонро тарроҳӣ ва иҷро намоянд.
Мунтазирӣ бо ишора ба ин ки ин мусобиқот бори аввал ба талоши доктор Раҳим Хокӣ дар соли 1385 (2006 м.) ва дар шаҳри Исфаҳон баргузор шуд, изҳор дошт: Ҳадафи баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусалмон он буд, ки қувваҳои қуръонии мусалмон дар саросари ҷаҳон дар канори якдигар ҷамъ шаванд ва як шабакаи қуръонӣ миёни донишҷӯён ташкил гардад. Ҳарчанд ин раванд борҳо бо пастиву баландиҳо рӯбарӯ шуд ва дар тӯли вақт камранг гардид, вале боз ба тавонмандии худ баргашт ва идома ёфт.
Ӯ афзуд: Аз ҷумла дастовардҳои ин мусобиқот, ки ба талоши масъулони баргузории мусобиқот дар ҳоли иҷро аст, таъсиси парлумони донишҷӯёни қуръонӣ мебошад. Ин иқдом метавонад боиси ҳамгароии зарфиятҳои қуръонии мавҷуд дар донишгоҳҳои ҷаҳони Ислом шавад ва дар партави ин иттиҳод дигар шоҳиди фурӯпошии ҳатто муваққатии ин ҷараён набошем.
Раиси ҷиҳодии донишгоҳӣ таъкид кард: Агар мусобиқоти Қуръони донишҷӯёни мусалмон то ба имрӯз ба ин марҳила расидааст, ба баракати талош ва фаъолиятҳои худи донишҷӯён аст, ки сиёсатгузорӣ ва иҷрои онро ба уҳда доштанд. Бо ин шарҳ, ба назар мерасад ки дар миёни аъзои Шӯрои сиёсатгузорӣ ҷои донишҷӯ холист. Агар мехоҳем ин мусобиқот ҳамчунон бо шӯр баргузор шавад, набояд аз нерӯҳои ҷавон ғафлат кунем.
Ӯ дар идома гуфт: Рӯйдодҳои фарҳангӣ дар ҷиҳодии донишгоҳӣ бо сарфи маблағи андак, вале бо рӯҳияи ҷиҳодӣ ва ангеза анҷом мешаванд. Созмони қуръонии донишҷӯёни кишвар низ баъди таваққуфе, ки дар баргузории ин мусобиқот пеш омад, кори бузурге анҷом дод ва бо ҳамон рӯҳияи ҷиҳодӣ тасмим гирифт ин мусобиқотро аз сар бигирад, ки ба ҳамин хотир бояд аз ҳамаи азизони ҷиҳодӣ ташаккур кард.
Ӯ ҳамчунин афзуд: Он чи мо барои ин мусобиқот интихоб кардем унвони «донишҷӯёни мусалмони ҷаҳон» аст, бо ин дидгоҳ ки мусалмонони тамоми кишварҳои ҷаҳон битавонанд ширкат кунанд. Аз ҳамин сабаб бахши зиёде аз мавзуъоте, ки дар ин ҷаласа матраҳ шуд, марбут ба мусобиқоти Қуръони донишҷӯёни ҷаҳони Ислом мебошад.
Мунтазирӣ дар поён бо таъкид бар ин ки агар мусобиқот дар як толори расмӣ ё дар ҷое баргузор шавад, ки шумори ками одамон дар он бошанд, як беэътиноист, гуфт: Ин мусобиқот бояд дар қалби донишгоҳ ва ҳатто болотар аз он, ба таври комилан донишҷӯӣ баргузор гардад, яъне иҷрои барномаҳо бояд аз сӯи худи донишҷӯён бошад, то ин рӯйдод ҳувияти комилан донишҷӯӣ ва ҷавонона пайдо кунад. Албатта баргузории ҳамоишҳои илмӣ, муаррифии чеҳраҳои барҷастаи илмӣ ва қадрдонӣ аз онҳо низ метавонад дар канори мусобиқот сурат бигирад.