IQNA

Намоишгоҳи «Соли сифр» дар Фарҳангсарои Гулистон барпо шуд; Эътирози ҳунармандони 42 кишвар ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ

18:23 - June 02, 2025
рақами хабар: 3416
ИКНА - Намоишгоҳи «Соли сифр» дар Фарҳангсарои Гулистон бо ба намоиш гузоштани асарҳои байналмилалии ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Лубнон дар шакли карикатура ва тасвирӣ оғоз шуд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз равобити умумии Фарҳангсарои Гулистон, намоишгоҳи карикатура ва тасвирии «Соли сифр» аз барномаҳои ҷадиди Нигорхонаи Гулистон аст, ки бо ҳамкории Ҳавзаи ҳунарии устони Теҳрон баргузор шудааст.

Дар ин намоишгоҳ маҷмӯае аз асарҳои байналмилалӣ, ки ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Лубнонро ба тасвир мекашанд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Беш аз 65 карикатурист аз 42 кишвари ҷаҳон дар ин намоишгоҳ ширкат доранд. Ҳунармандоне аз кишварҳое чун Туркия, Миср, Урдун, Ироқ, Бразилия, Куба, Арабистони Саудӣ, Танзания, Фаластин, Баҳрайн ва Шветсия, асарҳои ҷадиди худро бо мавзӯи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Лубнон ба намоиш гузоштаанд.

Беш аз як сол аст, ки режими ѓосиби саҳюнистӣ ҷиноятҳои сангинеро дар Ғазза ва Лубнон анҷом дода ва мардумони бегуноҳ, бахусус кӯдаконро ба шаҳодат расондааст. Ин намоишгоҳ талош дорад то ойинае аз ин воқеаҳо бошад ва амиқи ҷиноятҳоро ба ҷаҳониён нишон диҳад.

Бар асоси ин гузориш, намоишгоҳи «Соли сифр» рӯзи чоршанбе, баробар бо 28-уми май дар Нигорхонаи Гулистон оғоз ба кор кард ва боздид аз он то 12-уми июн идома хоҳад дошт.

Дӯстдорони ҳунар метавонанд ҳар рӯз аз соати 10 то 19 ба Фарҳангсарои Гулистон воқеъ дар Нормак, Майдони Ҳилоли Аҳмар, кӯчаи Гулистон ташриф оваранд. Боздид барои умум озод аст, аммо Нигорхона рӯзҳои ҷумъа ва таътилҳои расмӣ баста хоҳад буд.

https://iqna.ir/fa/news/4285907

captcha