Дар сураи Бақара, ояти 197 омадааст: الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَعْلُومَاتٌ فَمَنْ فَرَضَ فِيهِنَّ الْحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ يَعْلَمْهُ اللَّهُ وَتَزَوَّدُوا فَإِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوَى وَاتَّقُونِ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ
«Ҳаҷ дар моҳҳои маълум аст. Пас ҳар кӣ дар онҳо Ҳаҷро бар зимма гирад, бояд (дар он рӯзҳо) аз наздикӣ (бо ҳамсар), гуноҳ ва ҷидол парҳез кунад. Ва ҳар кори неке кунед, Худо аз он огоҳ аст. Ва барои худ тӯша фароҳам созед, ки беҳтарин тӯша парҳезгорӣ аст. Ва аз Ман битарсед, эй соҳибони ақл!»
Калимаи «рафас» ба маънии наздикӣ (ҳамбистарӣ), «фусуқ» ба маънии гуноҳе чун дурӯғ ва дашном, ва «ҷидол» ба маънии баҳсҳои беҳуда ва савганд ба Худо хӯрдан аст. Ин оят нишон медиҳад, ки ин фаризаи илоҳӣ бо шартҳои ахлоқӣ ва рафторӣ ҳамроҳ аст. Рафторҳое мисли гуфтори зишт, нофармонӣ ва баҳс кардан дар рӯзҳои Ҳаҷ мамнуъ дониста шуда ва бар дурӣ ҷустан аз онҳо таъкид шудааст.
Қуръон сипас ёдовар мешавад: وَتَزَوَّدُوا فَإِنَّ خَیْرَ الزَّادِ التَّقْوَى «Ва барои худ тӯша фароҳам созед, ки беҳтарин тӯшаҳо парҳезгорист.» Ин сухан ба маънии омодагӣ барои роҳи маънавии инсон аст. Парҳезгорӣ (тақво) дар ин оят на танҳо ба ҳайси ҳадафи Ҳаҷ, балки ҳамчун беҳтарин тӯша дар роҳи зиндагии динӣ муаррифӣ мешавад. Ба ҳамин тартиб, Ҳаҷ ойине аст, ки дар он машқи ахлоқи неку, канорагирӣ аз мангароӣ ва таваҷҷуҳи комил ба бандагии Худо меҳвари асосиро ташкил медиҳад.