IQNA

Андешаманди бахрайнӣ дар вебинари ИКНА:

Ҳаҷ дар андешаи Имом Хумайнӣ (рҳ) як фаризаи ҷудонашавандаи ибодӣ-сиёсӣ аст + видео

15:17 - June 03, 2025
рақами хабар: 3421
ИКНА - Шайх Абдуллоҳ Дақоқ дар мавриди андешаи Имом Хумайнӣ (рҳ) дар бораи ҳаҷ таъкид кард: Дар андешаи Имом Хумайнии Кабир, ҳаҷ бидуни бароат (безорӣ) аз мушрикон маъно надорад ва як фаризаи илоҳии ҷудонашавандаи ибодӣ-сиёсӣ мебошад.

ИКНА - Шайх Абдуллоҳ Дақоқ дар мавриди андешаи Имом Хумайнӣ (рҳ) дар бораи ҳаҷ таъкид кард: Дар андешаи Имом Хумайнии Кабир, ҳаҷ бидуни бароат (безорӣ) аз мушрикон маъно надорад ва як фаризаи илоҳии ҷудонашавандаи ибодӣ-сиёсӣ мебошад.Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин шайх Абдуллоҳ Дақоқ, аз уламои барҷаста ва намояндаи раҳбари шиъаёни Баҳрайн дар Эрон, имрӯз 13 хурдод дар вебинари «Имом Хумайнии Кабир; улгӯйи тағйир дар ҷаҳони Ислом», ки ба муносибати 36-умин солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (рҳ), бунёнгузори инқилоби исломии Эрон, аз тарафи ИКНА баргузор шуд, бо мавзӯи «Ҳаҷ ва густариши наҳзати эътиқодии ҷаҳони Ислом дар андешаи Имом (рҳ)» суханронӣ намуда, муҳимтарин ҷанбаҳои фиқҳӣ ва сиёсӣ-и ҳаҷро аз дидгоҳи Имом Хумайнӣ тавзеҳ дод. Видеои суханронии шайх Дақоқ бо зернависи форсӣ дар идома дастрас аст.

Матни суханронии шайх Дақоқ чунин аст:

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَأَذَانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ وَرَسُولُهُ (Сураи Тавба, ояти 3)

Бар асоси андешаи Имом Хумайнӣ (рҳ), ҳаҷ бидуни бароат (безорӣ) аз мушрикон маъно надорад. Як ақди исботӣ (иҷобӣ) ва як ақди нафйӣ (салбӣ) вуҷуд дорад. Шумо мегӯед: «Ло илоҳа иллаллоҳ», ки нафйи улуҳият аз ғайри Худо ва исботи улуҳият барои Худои якто мебошад. Ҳаҷ низ чунин аст: ақди исботӣ — ибодати Худованди якто тавассути тавоф, саъй, воқиф шудан дар Арафот ва Мино ва қурбонӣ кардан; ва ақди нафйӣ — безорӣ аз ширк ва мушрикон.

Имом Хумайнии Кабир мефармояд: Иктифо кардан ба ақди исботӣ дар ҳаҷ ва тарки ақди нафйӣ маъное надорад. Худованд мефармояд: إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ (Сафо ва Марва аз нишонаҳои Худо мебошанд – Бақара:158) ва وَلْيَطَّوَّفُوا بِالْبَيْتِ الْعَتِيقِ (Ва бояд бар атрофи хонаи қадимӣ – Каъба – тавоф кунанд – Ҳаҷ:29). Инҳо ҷанбаҳои исботии ҳаҷанд. Дар баробари он, нафйи ширк ва безорӣ аз мушрикон низ ҳаст.

Пас, аз дидгоҳи Имом Хумайнӣ (рҳ), ҷудо кардани ҷанбаҳои сиёсии ҳаҷ аз ҷанбаҳои ибодӣ ғалат аст. Ҳаҷ як фаризаи илоҳӣ, ибодӣ ва сиёсист, ки ҷудонашаванда аст. Намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва вилоят – асосҳои панҷгонаи Исломанд. Ва таъкиди Ислом бештар бар вилоят шудааст.

Паёмбар (с) фармуданд: «Ба ҳаҷ ва умра равед, то саломат монед ва рӯзии аҳли хонаводаатон таъмин гардад.»

Ин ҳадис ба фоидаҳои дунёвии ҳаҷ ва умра ишора дорад:

1.     Саломатии ҷисмонӣ

2.     Таъмини зиндагӣ

Аз фоидаҳои ухравии ҳаҷ бошад, ин аст ки ҳаҷ яке аз аркони Ислом аст ва агар касе онро анҷом диҳад, динашро устувор кардааст. Худо мефармояд: لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ — то шоҳиди манофеъи худ бошанд (Ҳаҷ:28)

Худованд ба Иброҳими Халил фармуд: وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ، لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ— Мардумро ба ҳаҷ даъват кун, то аз ҳар гӯшаи дури замин оянд ва манофеъи худро бубинанд (Ҳаҷ:27)

Аз манофеъи ҳаҷ: ваҳдати мусалмонон аст. Худо фармуд: وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا – ҳама ба риштаи Худо чанг занед ва пароканда нашавед (Оли Имрон:103)
ان هذه امتکم امة‌ واحدة و انا ربکم فاعبدون – ин уммати шумо як уммати воҳида аст ва ман Парвардигори шумо ҳастам, маро бипарастед (Анбиё:92)

Ҳаҷ намоди бузурги ваҳдат ва зӯрии мусалмонон аст дар муқобили истикбори ҷаҳонӣ, зеро бароат аз мушрикон зарурист. Қуръон фармояд: أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ وَرَسُولُهُ: — Худо ва Паёмбараш аз мушрикон безоранд (Тавба:3)

Ҳамаи аъмоли ҳаҷ фалсафаи махсус доранд. Дар рӯзи иди Қурбон, вақте гӯсфандеро қурбонӣ мекунем, ёди Иброҳими Халил меафтем, ки мехост фарзандаш Исмоилро қурбонӣ кунад ва Худо фармуд: و فدیناه بذبح عظیم – Мо ӯро бо қурбонии бузург иваз кардем.

Ҳаҷ ба мо итоат, таслим ва розигиро меомӯзад. Қурбонӣ дар ҳаҷ нишонаи таслими комил аст. Мисли Имом Ҳусайн (а) дар Карбало, ки гуфт: «Парвардигоро, ба қазои ту сабр мекунам. Худое ҷуз ту нест. То розӣ нашавӣ, сабр мекунам.»

Ин се марҳилаи маънавии ҳаҷ аст:

1.     Итоат

2.     Таслим

3.     Розигӣ аз қазои илоҳӣ

Шартҳои умумии таклиф:

·        Булуғ

·        Ақл

·        Ислом

Инҳо дар ҳамаи фаръҳои дин, аз ҷумла намоз ва рӯза муҳиманд.

Шарти махсуси ҳаҷ: иститоат (қобилияти молӣ ва ҷисмонӣ). Худо фармуд:
وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا – Бар инсонҳое, ки қудрати сафар доранд, ҳаҷи хона (Каъба) воҷиб аст (Оли Имрон:97)

Яъне одам бояд қудрати молӣ барои рафту бозгашт ва ҳоҷоти сафарро дошта бошад.

Худованд ҳамаи моро бар анҷоми он чи дӯст дорад ва аз он розӣ аст муваффақ гардонад. Салому дуруди Худо бар ҳамаи шумо бод.

код

https://iqna.ir/fa/news/4285958

captcha