Ба гузориши ИКНА ба нақл аз PoultryWorld, Елена Фастова, муовини аввали вазири кишоварзии Русия дар як конфронси саноатӣ дар шаҳри Қазони Русия эълом кард, ки дар соли 2024 содироти маводи ғизоии ҳалоли Русия нисбат ба соли қабл 80 дарсад афзоиш ёфта, ба 382 миллион доллари амрикоӣ расидааст.
Гӯштӣ мурғ беш аз нисфи содироти ҳалоли Русияро ташкил медиҳад (211 миллион доллар дар соли 2024), ки дар муқоиса бо 105 миллион доллар дар соли гузашта, ду баробар шудааст. Фастова тахмин зад, ки содироти гӯшти гов аз 41 миллион доллар дар соли 2023 ба 74 миллион доллар дар соли гузашта афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, содироти гӯшти гӯсфанд аз 36 миллион доллар ба 41 миллион доллар ва маҳсулоти ҳалоли омода барои масраф аз 9 миллион ба 13 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Фастова афзуд: кишварҳои асосии масрафкунандаи маводи ғизоии ҳалоли Русия Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Эрон мебошанд. Мо ҳамзамон дар ҳоли густариши содироти маҳсулоти ҳалол ба Алҷазоир, Кувайт, Урдун ва Миср ҳастем.
Русия барои дарёфти гувоҳиномаи стандартҳои ҳалол ҳамчунин бо мушкил рӯбарӯст. Ба гуфтаи Фастова, феълан 6 маркази гуногуни содиркунандаи гувоҳиномаи ҳалол дар Русия фаъолият мекунанд. Бозори ҷаҳонии ҳалол тибқи низомҳои гуногуни гувоҳиномадиҳӣ тақсимбандӣ шудааст. Арабистони Саудӣ, Иморот, Туркия, кишварҳои муштаракулманофеъ ва Индонезия стандартҳои ҳалоли мухталиф доранд.
Мақомот бар ин боваранд, ки Русия танҳо дар оғозгоҳи роҳи худ барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ба кишварҳои исломист. Илия Илишин, раиси Агроэкспорт (як ниҳоди давлатӣ барои тавсеаи содироти кишоварзӣ), эълом кард, ки зарфияти содироти маводи ғизоии ҳалоли Русия 26 миллиард доллар дар сол баровард мешавад.
Ба гуфтаи ӯ ва бар асоси таҳқиқоти бозор, арзиши бозори ҷаҳонии ғизои ҳалол 1.4 триллион доллар дар сол тахмин зада мешавад, ки 30% он дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ масраф мешавад.
Илишин таъкид кард: бозори маҳсулоти ҳалол яке аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи бозори ҷаҳонии ғизо мебошад, ки бо афзоиши шумораи мусулмонон (25% аз аҳолии ҷаҳон) вобаста аст.
Русия талош дорад ба бозори Малайзия низ ворид шавад, ки дорои низоми мустақили гувоҳиномадиҳии ҳалол мебошад. Бар асоси пешбинии ҳукумат, содироти ғизои ҳалоли Русия то ҳаддиақал соли 2030 бо суръати мунтазам рушд хоҳад кард.
Густариши содироти ғизои ҳалол яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат аст. Мақомот талош доранд бо ҳамоҳангии бештар ба содиркунандагони рус барои дастёбӣ ба бозорҳои нав кумак кунанд. Фастова таъкид кард, ки вазорати кишоварзӣ омода аст, то равобити муассир миёни ширкатҳои содиркунанда ва шарикони байналмилалиро ташкил диҳад.