IQNA

Ҳаҷ дар Қуръон (7)

Ҳаҷ: роҳи поксозии ботин ва машқи ахлоқи некӯ

17:15 - June 07, 2025
рақами хабар: 3433
ИКНА - Сафар ба ҳаҷ фурсатест барои тарбияи нафс, машқи сабр ва ахлоқ, ва дур сохтани зангори рӯҳ дар партави маънавият ва тақво.

Ҳаҷ: роҳи поксозии ботин ва машқи ахлоқи некӯОроиши ботин ва расидан ба фазоили ахлоқӣ, аз муҳимтарин самароти Ҳаҷ маҳсуб мешавад. Ҳоҷиён, ки озими хонаи Худо мешаванд, дар ин сафар бо машқи сабр, гузашт, меҳрубонӣ, одоб, ростгӯӣ, эҳсон ва фурӯтанӣ, нафси худро парвариш медиҳанд ва хислатҳое чун хайрхоҳӣ, саховат, зӯҳд ва озодагӣ-ро дар худ рушд медиҳанд.

Ин раванд, дар сояи иртибот бо маконҳои муқаддас ва ҳамнишинӣ бо муъминон, шакл мегирад. Он гуна ки манофеъи Ҳаҷ дар ояти: «لِیَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ» («То манофеи онро барои худ мушоҳида кунанд») низ ишора ба ин таъсироти тарбиявии ҳаҷ ва ҷазби қалбҳо ба сӯи Худо мебошад.

Ҳаҷ, бо аҳком ва муҳаррамоти махсуси худ, заминаест барои поксозии нерӯҳои вуҷуди инсон:

·        «لا رَفَث» — барои поксозии қувваи шаҳавонӣ

·        «لا فُسوق» — барои назорати хашм ва поксозии қувваи ғазабӣ

·        «لا جِدال» — барои тарбияи қувваи фикрӣ ва гуфторӣ

Нармхӯӣ, дурӣ аз суханони зишт, хашм нагирифтан, гуфтори муоддабона ва таҳаммули озор ва ранҷи дигарон, аз нишонаҳои ахлоқи некӯ ва аломатҳои ҳоҷии орифанд. Шояд яке аз ҳикматҳои муҳими ҳаҷ, тамрин ва пайвастагӣ бар ахлоқи ҳасана ва мулоимат дар рафтору гуфтор бошад. Хусусан ҳоҷиёне, ки дар як корвон сафар мекунанд ва ҳамвора бо ҳам дар тамосанд, бояд бо меҳрубонӣ, дӯстӣ ва ҳамдардӣ, сахтиҳои роҳро сабук кунанд ва бо ахлоқи нек таҳаммул намоянд.

Ба гуфтаи Имом Ризо (а), Ҳадафи аслӣ аз Ҳаҷ — вуруд ба даргоҳи илоҳӣ ва пок шудан аз гуноҳон ва шаҳавот аст. Раҳоӣ аз қасоват, бухл, ғофилӣ, ноумедӣ ва палидии рӯҳ, аз ҷумлаи ҳикматҳои Ҳаҷ мебошад, ки монанди як тавваллуди дубора барои инсон аст.

Марҳум Маликӣ Табрезӣ низ Ҳаҷро давои илоҳӣ барои дармонаи бемориҳои қалбӣ медонад; харҷ кардан дар роҳи ҳаҷ, муолиҷаи бухл, ва тавозӯъ дар тавоф ва намоз, дармони таккабур аст.

https://iqna.ir/en/news/3493332

captcha