Ба гузориши ИКНА, Муҳаммад Ал-Осӣ соли 1951 дар иёлати Мичигани Амрико ба дунё омадааст. Таълимоти ибтидоии худро дар Амрико гузаронд ва сипас ба Лубнон рафт. Ӯ дар Донишгоҳи Байрути Лубнон ба таҳсил пардохт ва забони арабиро омӯхт. Баъд аз поёни таҳсил ба Амрико баргашт ва дар Донишгоҳи Мэриленд, дар риштаи умури давлатдорӣ ва сиёсат таҳсил кард. Баъд аз дарёфти дараҷаи магистр, ба унвони имоми маркази исломии Вашингтон таъйин шуд.
Муҳаммад Ал-Осӣ дар маҷаллаи байналмилалии Crescent International мақолаҳо менависад ва ҳамзамон дар донишгоҳҳои Амрико, Канада ва Аврупо дар мавзӯъҳои исломӣ суханронӣ мекунад. Ӯ инчунин пажӯҳишгари Маркази андешаи исломии муосир (Institute of Contemporary Islamic Thought) низ ҳаст.
Интихоби риштаи таҳсил аз сӯи Ал-Осӣ нишонгари алоқамандии ӯ ба тафсири Қуръон ва равобити сиёсӣ миёни арабҳо ва Амрико аст, ки роҳи чаҳор даҳаи баъдии ӯро мушаххас кардааст.
Ал-Осӣ нахустин тафсири англисии Қуръони Каримро навиштааст. Тафсири 14 ҷилдӣ-и ӯ бо унвони The Ascendant Qur’an: An English Translation of the Meanings of the Qur’an аввалин асаре аст, ки мустақиман ба забони англисӣ таълиф шудааст ва оятҳоро бо ҳадафи хидмат ба ниёзҳои мусалмонони ҷаҳон ва ба хусус фаъолони исломии муосир, бозтафсир мекунад.
Тафсири ӯ ба унвони барномаи сиёсӣ ва иҷтимоии Қуръон шинохта шудааст. Ал-Осӣ дар муқаддимаи китобаш таъкид мекунад, ки ин асар як тафсири маъмулии анъанавӣ нест ва онро бештар "таҳлили маъонии Қуръон" меномад. Ӯ бар ин бовар аст, ки ҳарчанд Қуръон чордаҳ сада пеш, дар замони афроди муосир нозил нашудааст, аммо хонандаро дар шинохти золимон, ҷинояткорони ҷангӣ ва золимони замона ёрӣ медиҳад.
То кунун 14 ҷилди ин тафсир, ки ҷилди аввали он соли 2008 мунташир шуд, ба табъ расидааст.
Ал-Осӣ, ки ба ду забон — арабӣ ва англисӣ — комилан ҳоким аст, дар тафсири худ аз манобеи шиъа ва суннӣ, ҳадисҳо, китобҳои фиқҳӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто илмҳои табиӣ истифода кардааст. Тафсири ӯ хусусияти интихобӣ (селективӣ) дорад ва ба таври хос бар мафҳумҳое монанди ҷомеа, сиёсат ва муомилоти рӯзмарра таъкид мекунад — чизе ки дар аксари тафсирҳои классикӣ ва муосир нодида гирифта мешавад.
Ал-Осӣ дар Ғарб бо сабаби интиқодҳои рӯирости худ аз режими Амрико ва Исроил маъруф аст. Ӯ солҳо пеш ба иллати мавзӯъоти шадиди сиёсӣ дар хутбаҳояш, аз имомати Маркази исломии Вашингтон барканор шуда буд.
Ал-Осӣ дар тафсири худ ба манобеи мутаъаддиде аз муфассирони шиъа ва суннӣ истинод мекунад, аммо дар мусоҳибаҳо бештар аз муфассироне чун:
· Ибни Ошур,
· Аллома Таботабоӣ (р),
· Сайид Қутб,
· Муҳаммад Рашид Ризо
· ва Аллома Сайид Ҳусейн Фазлуллоҳ ёд мекунад.
Ба назар мерасад таъкиди Аллома Фазлуллоҳ бар адолати иҷтимоӣ ва идеологияи сиёсати Инқилоби Исломии Эрон, яке аз муҳимтарин манобеи илҳомбахши ӯ будааст.