Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Арабӣ 21», ин Иттиҳодия дар баёнияи худ иди Қурбонро ба уммати Ислом табрик гуфт ва изҳор кард: «Бо вуҷуди шодии ид, наметавонем фоҷеаҳои бар сари мардуми Ғазза омадаро фаромӯш кунем. Онҳо бо таҷовузи ваҳшиёна ва наслкушии ошкор алайҳи кӯдакон, занон ва пирони бегуноҳ рӯбарӯянд. Ҳамаи аркони ҳаёт — аз бемористонҳо ва мактабҳо то масоҷид ва ҳатто калисоҳо — ҳадаф қарор гирифтаанд.»
Дар идомаи ин баёния омадааст: «Талхтар аз ҳама, сукут ва бетафовутии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар аст, ки дар баробари як режими ишғолгари ҷинояткор истодагӣ намекунанд — режиме, ки бе ҳеҷ гуна боздорандагӣ сарзамин ва мардумони Фаластинро нобуд мекунад.»
Иттиҳодия таъкид кард: «Вақти он расидааст, ки ҷаҳони Ислом ва ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти воқеии ахлоқӣ ва инсонӣ худро, дур аз сарзаниш ва маҳкумсозии холӣ, иҷро кунанд. Бояд таҷовузро боздоранд, муҳосираро бардоранд, гузаргоҳҳоро фавран боз кунанд ва мардумони бегуноҳи ғайринизомиро аз фоҷеаҳои ҷараёндоштаи қатли ом наҷот диҳанд.»
Ин Иттиҳодия дар баёнияи худ уммати Ислом, раҳбарон, уламо, мутафаккирон, аҳли расона ва мардумро ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ даъват карда, хостори мавқеъгирии содиқона шуд ва таъкид кард, ки бояд камбудиҳои худро дар иҷрои вазифа дар баробари Худо ва мазлумони худ арзёбӣ ва ислоҳ кунанд.
Иттиҳодия дар поён хостори саъйи ҷиддӣ барои ваҳдат, тақвияти ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ, ва пешниҳоди намунае мутамаддин аз амният, озодӣ, адолат ва сулҳ шуд.