Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Шаҳоб Нюз», дар рӯзи нахустини ҷашнҳои иди Қурбон, нерӯҳои ишғолгар аз таҳвили масҷиди Иброҳимӣ, аз ҷумла таҷҳизот, саҳнҳо ва дарвозаҳои он, ба фаластиниҳо худдорӣ карданд.
Нерӯҳои ишғолгар барои ҳафтумин бор дар соли ҷорӣ аз боз кардани дарвозаи шарқии масҷид сар боз заданд. Қаблан низ дар рӯзҳои иди Фитр, иди Қурбон, рӯзҳои ҷумъа ва шабҳои Қадр, аз таҳвили масҷид монеъ шуда буданд.
Идораи авқофи Халил бо таъкиди мавқеи худ мабнӣ бар радди ҳар гуна таҳвиле, ки ҳамаи бахшҳои масҷидро дарбар нагирад, аз таҳвили нопурраи масҷид худдорӣ кард.
Ҳушдорҳо дар мавриди барномаҳои ишғолгарон барои яҳудисозии масҷиди Иброҳимӣ ва табдили он ба канисаи талмудӣ — ба унвони ҷузъе аз барномаҳои систематикии шаҳраксозии саҳюнистӣ алайҳи маконҳои муқаддаси исломӣ — афзоиш ёфтааст.
Даъватҳое барои зиёрти масҷиди Иброҳимӣ, ширкат дар дифоъ аз ҳувияти исломии он ва ҳузури мунтазам, ба вижа дар мавридҳои мазҳабӣ, нашр шудааст. Ин кор ҳуқуқи ибодати мусалмононро тақвият ва кӯшишҳои зӯргӯёнаи саҳюнистҳо барои таҳмили назоратро заъиф мекунад.