Муҳиммтарин тафсир дар миёни насли севуми мусулмонон (Итбоуттобиин), тафсири Мақотил ибни Сулаймон аст ва номи мустақил аз исми нависанда надорад. “Мақотил ибни Сулаймон” нависандаи ин асар аст ва бо унвони “бузурги муфассирон” тавсиф шудааст. Ӯ олими асолатан Балхӣ буд, ки дар Марв мезист. Ин асар, куҳантарин тафсири комили Қуръон аст, ки ба дасти мо расидааст. Ин асар дар тӯли таърих ҳамвора дар байни пажӯҳишгарон мавриди таваҷҷуҳ ва муроҷиа буда ва акнун нусхаҳои мутааддиде аз он дар даст аст.
Мақотил ибни Сулаймон, ки буд?
Абулҳасан Мақотил ибни Сулаймон ибни Башири Аздӣ, аз муфассирон ва муҳаддисони машҳури қарни дувуми ҳиҷрӣ (ҳаштуми мелодӣ) аст.
Ӯ ҳудуди солҳои 80 то 90 қамарӣ (700 то 710 мелодӣ) дар шаҳри Балх аз шаҳрҳои Хуросони қадим ва воқеъ дар Афғонистони имрӯзӣ мутаваллид шуд. Ӯ пас аз муддате аз Балх ба Марв (Туркманистони имрӯзӣ) мунтақил шуд. Муддате дар онҷо сукунат дошт ва ҳамонҷо издивоҷ кард. Марв аз шаҳрҳои маъруфи Хуросони қадим буд, ки уламои зиёде дар худ дошт, аз он ҷумла Аҳмад ибни Ҳанбал ва Суфёни Саврӣ аст ва мазори чаҳор саҳобии Пайғамбар(с) низ дар он шаҳр аст.
Мақотил пас аз он ба Ироқ рафт ва дар шаҳри Басра ва сипас Бағдодро барои сукунат баргузид, ки дар он замон маҳалли рафту омади донишмандон ва гурӯҳҳои фикрии мухталиф буд. Дар онҷо ба далели дониши мутанаввеъ ва бисёре, ки дошт, шӯҳрати бештаре ёфт ва ба шайхи ҳадис ва тафсир машҳур шуд.
Муруре бар муҳиммтарин вижагиҳои тафсири Мақотил
Ҳавзаи динии шаҳри Марв заминаи бештаре барои раҳоӣ аз маҳдудиятҳои бумӣ дошт ва ҳамин вижагӣ, фазои муносибе барои эҷоди як тафсири фаробумӣ дар Хуросонро ба хубӣ фароҳам овард. Чунонки муқаддимаи тафсири Мақотил ибни Сулаймон низ нишон медиҳад, ки муаллиф ба мероси бумиҳои мутанаввеъ таваҷҷуҳ доштааст. Ӯ фаротар аз ҳадис ва ривоят, аҳли андешаи каломӣ ва мабоҳиси назарие дар ақоид низ будааст.
Ин вижагиҳо ба илова инки тафсири тамоми оётро шомил мешуд, боис шуд, ки тафсири Мақотил билофосила пас аз таълиф, дар замони ҳаёти муаллиф ривоҷ ёфт ва нусхаҳои он ба дасти бузургони асҳоби ҳадис дар сарзаминҳои мухталиф расид ва дар маърази доварӣ қарор гирифт.
Чорчуби сохторӣ
Ин тафсир тамоми оёти Қуръонро ба сурати пайваста ва ҳарҷо, ки ба табйин ниёз дошт, тафсир кардааст. Ақл ва нақл, ҳар ду риоят шуда ва бо иборатҳои кӯтоҳ ва фишурда ва дар айни ҳол расо ва шево, бештар бар асоси тафсири Қуръон ба Қуръон такя доштааст. Равиши куллии муфассир дар вуруд ва хурӯҷи матолиб ба ин шакл буда, ки ибтидо мушаххасоти куллии сура шомили макӣ ё маданӣ будан ва теъдоди оётро мушаххас мекунад. Сипас оёти Қуръонро фароз ба фароз бо кумаки оёти дигар маъно мекунад. Баъд аз маъно, ба шаъни нузули ҳар оят мепардозад. Шаъни нузул, истилоҳе ба ин маъност, ки ҳамзамонии нузули ҳар оятро вақойеъи таърихӣ, ки маъмулан далели нузул будаанд, шарҳ медиҳад.
Чунонки ишора шуд, яке аз вижагиҳои ин тафсир, шеваи тафсири Қуръон ба Қуръон аст, ки ба воситаи иҳота ва тасаллути муаллиф бар куллиёти Қуръон, дар зеботарин ваҷҳи он ба анҷом расидааст. Аз вижагиҳои дигари асар, эҷоди ҳамоҳангӣ ва ваҳдат байни оёте аст, ки маънои зоҳирии онҳо мутазод ба назар мерасад.
Нависанда дар нақл ва нақди дидгоҳи соири донишмандон, ба ихтисор сухан гуфта ва чандон вориди мабоҳиси ҷадалӣ нашудааст. Мазияти дигари ин тафсир ин аст, ки мӯҳтавои бисёр ғаниеро дар ҳаҷми кам ироа кардааст ва дар айни ихтисор, бисёр гӯё аст.
Аҳамияти ин тафсир ба ҳадде аст, ки алорағми гузашти беш аз давоздаҳ қарн аз таълифи ин асар, ҳанӯз ин тафсир, дар мухотаб ин эҳсосро ба вуҷуд меовард, ки гӯё барои имрӯз навишта шудааст. Ҳарчанд ба далели тарҳи мавзӯъоти тахассусӣ, бештар мавриди истифодаи мутахассисон қарор мегирад ва барои мухотаби ом қобилияти баҳрабардории андаке дорад.