IQNA

Поёни интизории 100-сола барои анҷоми маносики Ҳаҷ

18:16 - June 08, 2025
рақами хабар: 3440
ИКНА - Ҳоҷӣ Ҳомид Ақибалдат, бо вуҷуди он ки беш аз 100 сол син дошт, аз сахтиҳои сафар ё душвориҳои анҷоми маносики Ҳаҷ наҳаросид. Таҷрибаи ӯ исбот кард, ки агар ният холис бошад, ҳеҷ синну соле наметавонад монеъи ирода гардад.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз аш-Шарқул-Авсат, синни беш аз 103-солаи ӯ монеъи ҳузураш дар миёни зиёда аз 1,6 миллион зоир нашуд. Ҳоҷӣ Ҳомид Ақибалдат, сокини Эритрея, бо шавқу завқ бар фарози кӯҳи Арафот истод ва маросими сангзанӣ (рамии ҷамарот)-ро дар Мино анҷом дод. Ӯ ғубори дунёро аз дили худ пок кард ва ба риштаҳои маънавие, ки ҳангоми аввалин қадам ба маконҳои муқаддас дар вуҷуди ӯ ҷӯш зада буданд, чанг зад.

Ҳомид ба нашрияи аш-Шарқул-Авсат гуфт, ки ӯ ятим ба дунё омада, ҳаргиз рӯи падарро надидааст, зеро падар чанд моҳ пеш аз таваллуди ӯ даргузаштааст. Ӯ мегӯяд, ки беш аз як қарн ба ҳайси чорводор ва фурӯшандаи гов дар минтақаи Қалб, воқеъ дар вилояти Ансабои ғарбии Эритрея заҳмат кашида ва ҳаргиз тасаввур намекард, ки рӯзе муваффақ ба анҷоми сафари маънавии Ҳаҷ гардад.

Бо вуҷуди он ки беш аз 100 сол син дошт, аз душвориҳои роҳ ва вожиботи Ҳаҷ наҳаросид. Таҷрибаи ӯ нишон дод, ки агар ният пок бошад, син монеъе барои ирода нахоҳад шуд.

Ӯ дар суханони худ таъкид мекунад: «Билохира пас аз 100 сол, тавфиқи Ҳаҷ насибам шуд. Дуруст аст, ки аз дарди пой ва чашм ранҷ мекашам... аммо вақте ки рӯямро бо оби Замзам шустам, ҳама чиз аз байн рафт. Қасам ба Худо, дигар ҳеҷ дард эҳсос намекунам.»

https://iqna.ir/fa/news/4287161

captcha