IQNA

Духтари нашнавои кишмирӣ тамоми Қуръонро китобат кард

14:48 - June 09, 2025
рақами хабар: 3446
ИКНА - Амали як духтари навраси нашнавову гунги кишмирӣ дар дастнависи кулли Қуръони Карим, мавҷи васеи таърифу таҳсинро дар ҷомеа ба дунбол доштааст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Muslim Mirror, дар сарзамини кӯҳистонӣ ва ороми Баҳалса дар минтақаи Дӯда дар Ҷому ва Кашмир, достони шигифтангезе аз имон ва устуворӣ зуҳур кардааст; достоне, ки қалбҳоро дар тамоми минтақа таҳти таъсир қарор додааст.

Маҳваш Ориф, донишомӯзи 16-солаи синфи даҳуми мактаби миёна, аз рустои дурафтодаи Батара Гаволо, ба дастоварди маънавии фавқулодае даст ёфтааст: ӯ тамоми Қуръони Каримро бо даст китобат кардааст. Он чи ин дастоварди ӯро беш аз пеш илҳомбахш мекунад, ин аст ки Маҳваш ба таври модарзод нашнавову гунг аст.

Дар ҷаҳоне саршор аз садо, сафари хомӯши Маҳваш сӯи ибодат, худ фурӯғест ки бениёз аз ҳар сухан аст. Ӯ дар тӯли нуҳ моҳ, бе ҳеч ёрӣ ва роҳнамоии расмӣ, Қуръонро аз аввал то ба поён, хатт ба хатт, бо диққат ва дар хилват китобат кардааст. Ин ирода ва ҳиммати маънавӣ, на танҳо хонаводаи ӯ, балки тамоми минтақаи Дӯдаро шигифтзада кардааст.

Волидонаш, ки ҳам эҳсосотӣ ва ҳам сарфароз буданд, шарҳ доданд, ки чӣ гуна ӯ худро саросар фидои ин вазифаи илоҳӣ кардааст ва аз дарёфти кӯмак низ худдорӣ намудааст. Ин амал, ки аз сӯи як духтари наврас ва маълулиятдошта анҷом шудааст, аз сӯи муаллимон ва омӯзгорони маҳаллӣ бесобиқа арзёбӣ гардидааст.

Мактаби миёнаи давлатии духтарона дар Гандо, ки Маҳваш дар он таҳсил мекунад, аз ӯ пуштибонӣ карда ва Аҷит Сингҳ, мудири мактаб, бо эҳтироми амиқ гуфт:

«Маҳваш шояд натавонад сухан гӯяд, аммо аъмоли ӯ баландтар аз ҳар сухане садо додаанд. Ӯ на танҳо барои хонандагон, балки барои тамоми ҷомеаи мо як улгӯ шудааст.»

Аҳли рустои Баҳалса низ ин амали ӯро бо ифтихор ва шодӣ пазируфтаанд. Калонсолон, ҳамсоягон ва муаллимонаш, ӯро ҳамчун рамзи таваҷҷуҳи собит ва устуворӣ дар ҷаҳоне медонанд, ки аксаран зоҳирпарастист.

Маҳваш Ориф бе ҳеч калимае, на танҳо бар рӯи коғаз, балки бар дили ҳар касе ки аз фидокории ӯ воқиф мегардад, меросе абадӣ ҳакк кардааст. Достони ӯ достони имон, шуҷоат ва қудрати хомӯши як рӯҳи пок дар як рисолати муқаддас аст.

https://iqna.ir/fa/news/4287331

captcha