Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории Ироқ, Ҳайдар Раҳим, раиси бахши расонаи Остони муқаддаси Имом Алӣ (а), изҳор дошт: Остони муқаддас ҳафтаи байналмилалии вижаеро барои баргузории ҷашни бузургтарин иди илоҳӣ – Иди Ғадир Хум — таҳия кардааст, ки дар баргирандаи чорабиниҳо ва фаъолиятҳои гуногун аст.
Ӯ афзуд: муҳимтарин вижагии ин ҳафта, доманадории ширкати кишварҳо дар баргузории ҷашн бо ҳадафи табйини динӣ ва боло бурдани огоҳии исломӣ мебошад. Дар ҳамин росто, беш аз 700 парчам дар Ироқ, Наҷаф ва нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон барафрохта шудааст.
Вай илова кард: Парчами Ғадир дар беш аз 40 кишвар дар панҷ қораи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ, панҷ иёлати Амрико ва беш аз се шаҳру минтақа дар Эрон, бо ҳамоҳангӣ, пуштибонӣ ва ҳимоятҳои Остони муқаддаси Имом Алӣ (а) барафрохта шудааст.
Раиси бахши расонаии остон шарҳ дод: Ҷашни Иди Ғадир дар баробари барномаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунарӣ, ҳамчунин барномаҳои вижаи кӯдакон, хидматгузорон, гардҳамоиҳои ғадирия ва ҷашнвораҳои қуръонӣ-ро низ фаро мегирад.
Ӯ таъкид кард: дар ҷараёни ин ҳафта, ки аз рӯзи душанбе оғоз шудааст, беш аз чиҳил чорабинӣ баргузор мегардад. Аз ҷумлаи ин барномаҳо, роҳпаймоии кӯдакони ятим аст, ки дар он беш аз ҳазор кӯдак аз шаҳри муқаддаси Наҷаф бо Имом Алӣ (а) байъат хоҳанд кард.
Раҳим ҳамчунин гуфт, ки бузургтарин намоиши ҳунарии марбут ба Иди Ғадир бори аввал дар вилояти Наҷаф иҷро хоҳад шуд. Ин намоиш дар майдоне бо масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ, дар фазои пурра ҳунарӣ иҷро мегардад ва зиёда аз 5 ҳазор тамошобин-ро фаро хоҳад гирифт. Ин барнома дар тӯли як ҳафта идома хоҳад кард.
Ӯ афзуд, Ҳарими муқаддаси Имом Алӣ (а) ороиши кӯчаҳои вилояти Наҷафро оғоз намудааст, ки масоҳати умумии ин ороишҳо беш аз 35 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва тамоми кӯчаҳо ва минтақаҳои шаҳри Наҷаф ва атрофи онро фаро мегирад.