Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории Арабистони Саудӣ, Вазорати корҳои исломӣ, таблиғ ва иршоди ин кишвар аз рӯзи гузашта, мувофиқ бо 2-уми рӯзҳои айёми ташриқ ва як рӯз пас аз Иди Қурбон ба тақсими ин нусхаҳои Қуръон миёни ҳоҷиёне, ки аз тариқи роҳҳои заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ ба кишварҳояшон бармегарданд, шурӯъ кардааст.
Шумораи умумии ин Қуръонҳо барои Ҳаҷи имсол 2 521 380 нусха мебошад, ки ҳама аз нашриёти Маркази чоп ва нашри Қуръони Карим – Малик Фаҳд дар шаҳри Мадина мебошанд. Ин нусхаҳо ба забонҳои гуногун ва дар андозаҳои мухталиф омода шуда, ба ҳоҷиён эҳдо гардидаанд.
Ин Қуръонҳо ба унвони тӯҳфаи подшоҳ Малик Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд, подшоҳи Арабистон ва хидматгузори ду ҳароми муқаддас, ба ҳоҷиён ҳангоми баргашт ба кишварҳояшон дар фурудгоҳи байналмилалии Малик Абдулазиз, бандари Исломии Ҷидда ва гузаргоҳҳои гуногуни заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ эҳдо карда мешаванд.
Ҳадафи ин иқдом, ба гуфтаи масъулони саудӣ, нишон додани аҳаммияти Арабистон ба Қуръон ва эҳдо кардани он ба меҳмонони хонаи Худо ҳамчун гаронбаҳотарин тӯҳфа мебошад.
Айёми ташриқ, се рӯз пас аз Иди Қурбонанд, яъне рӯзҳои 11, 12 ва 13-уми моҳи Зулҳиҷҷа. "Ташриқ" ба маънои намози ид аст ва аз онҷо ки ин рӯзҳо ба Иди Қурбон пайванд доранд, бо ин ном шинохта шудаанд.
Дар ин рӯзҳо, мусалмонон ба зику дуо, тавба ва истиғфор, инчунин адои маносики Ҳаҷҷи таматтуъ ва қурбонӣ кардан мепардозанд.