IQNA

Эътироз ба боздошти киштии "Мадлен" бо бастани роҳи қатораҳо дар Швейтсария

21:46 - June 10, 2025
рақами хабар: 3453
ИКНА - Садҳо нафар аз ҷонибдорони Фаластин бо баргузории тазоҳурот дар эътироз ба боздошти киштии “Мадлен” аз сӯи низомиёни режими ҷинояткор ва кӯдаккуши  саҳюнистӣ, истгоҳҳои қатор дар шаҳрҳои Женева ва Лозаннаи Швейтсарияро масдуд карданд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз "Ал-Қудси Арабӣ", рӯзи душанбеи садҳо эътирозгар, ки пуштибони мардуми Фаластин буданд, роҳҳои ҳаракати қатораҳоро дар истгоҳҳои Женева ва Лозанна бастанд ва боиси ихтилол дар ҳаракати қатораҳо шуданд.

Бино ба гузориши рӯзномаи «Трибюн де Женева», тақрибан 300 нафар баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе бо доштани парчамҳои Фаластин, ду роҳи қатораро дар истгоҳи Женева масдуд карданд.

Эътирозгарон ба таври ихтиёрӣ ва худҷӯш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, боздошти киштии "Мадлен", ки бори кӯмакҳои башардӯстона ба Навори Ғаззаро интиқол медод ва аз тарафи нерӯҳои баҳрии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ боздошт шудааст, муждаи эътироз баланд карданд.

Дар истгоҳи Женева, эътирозгарон аз соати 6 то 7 бегоҳ, дар давоми як соат ҳаракати ҳамаи қатораҳоро дар ду платформа масдуд карданд, ки сабаби бекоршавии чандин сафар ва таъхири ҳаракати қатораҳо гардид.

Ҳамин ҳодиса дар истгоҳи Лозанна низ рух дод ва шомгоҳи душанбе Ширкати федералии роҳи оҳани Швейтсария эълон кард, ки ба далели ишғоли роҳҳои қатор аз сӯи эътирозгарон дар истгоҳи Лозанна, ҳаракат ба шиддат халалдор шудааст.

Ин ширкат шарҳ дод, ки нерӯҳои амниятӣ вориди амал шуданд, то эътирозгаронро пароканда кунанд, ва садҳо нафар эътирозгар бо ҳамроҳии пулис ба самти маркази шаҳр ҳаракат карданд.

Як соат баъд, ҳаракати қатораҳо тадриҷан аз сар гирифта шуд ва ширкати роҳи оҳани Швейтсария эълон кард, ки ба барқарор шудани ҳолати муқаррарӣ замони муайян лозим аст.

Шоистаи зикр аст, ки боздошти киштии “Мадлен” бо вокунишҳои густардаи байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст ва фаъолони ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалӣ ин иқдоми режими саҳюнистиро ба шиддат маҳкум кардаанд.

Ин киштӣ ба эҳтироми “Мадлен Каллоб”, як занмоҳигири фаластинӣ аз Навори Ғазза номгузорӣ шудааст, ки дар ҷараёни ҷанг ҳамаи дороиву умедҳояшро аз даст додааст ва имрӯз ба унвони рамзи ранҷи мардуми Ғазза ва кӯшише барои шикастани муҳосираи дусолаи ин минтақа шинохта мешавад.

Фаъолони флотилия таъкид кардаанд, ки киштӣ танҳо бо маводи ғизоӣ ва дору, ва ба таври комилан осоишта, ҳаракаташро ба сӯи Ғазза оғоз кардааст.

https://iqna.ir/fa/news/4287575

captcha