IQNA

Вокуниши ҷаҳонӣ ба ҳамлаи режими Исроил ба Эрон

21:00 - June 13, 2025
рақами хабар: 3461
ИКНА - Бомдоди имррӯз режими Исроил бо ҳамлае ба Ҷумҳурии Исломии Эрон як қатор фармондеҳони ҳарбӣ ва донишмандони ҳастаиии ин кишварро ба шаҳодат расонд ва ба баъзе таъсисоти низомӣ зарар расонд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бомдоди имррӯз режими Исроил бо ҳамлае ба Ҷумҳурии Исломии Эрон як қатор фармондеҳони ҳарбӣ ва донишмандони ҳастаиии ин кишварро ба шаҳодат расонд ва ба баъзе таъсисоти низомӣ зарар расонд. Ин амал, ки хатари мустақим барои амнияти байналмилалӣ ба ҳисоб меёбад, аз ҳамон аввал бо вокуниши манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.

Раисиҷумҳури Русия (Владимир Путин)

Путин дар паёме дар шабакаи Х дар вокуниш ба ҳамлаҳои Исроил ба Эрон эълон кард, ки “Русия аз Эрон ҳимоят мекунад”.

Уммон

Ҳамлаи Исроилро ба шиддат маҳкум карда, онро омили ташкили хатар барои амнияти минтақа ва халали дипломатӣ донист.

Урдун

Иҷозаи истифода аз фазои ҳавоии худро намедиҳад ва амнияти миллиашро хатти қирмиз эълон кард.

Арабистони Саудӣ

Ҳамлаи Исроилро ба шиддат маҳкум карда, онро халали ҳокимият ва амнияти Эрон донист ва аз Шӯрои Амният талаб кард, ки фавран ин ҳамларо қатъ кунад.

Индонезия

Ҳамлаҳоро маҳкум карда, аз ҳама тарафҳо хост, ки худдорӣ кунанд, зеро ин амалҳо бӯҳрони минтақаро афзоиш медиҳанд.

Раисиҷумҳури Лубнон (Ҷозеф Аун)

Ҳамлаҳоро маҳкум карда, гуфт, ки ин амалҳо ҳама кӯшишҳоро барои собит нигаҳ доштани амнияти минтақа таҳдид мекунанд.

Ҳаракати Ҳамос

Ҳамларо хавфнок ва тасдиқи муборизаи таърихӣ бо истикбор эълон кард.

Дабирикулли Созмони Милали Муттаҳид (Антониу Гутерриш)

Афзоиши низомии Исроилро маҳкум карда, аз ҳарду тараф хост, ки хештандорӣ кунанд.

Ҳизби ҳокими Туркия

Ҳамлаи Исроилро ғайриқонунӣ ва ваҳшӣ номида, онро беҳуда донист.

Вазири корҳои хориҷии Ҷопон

Истифода аз воситаҳои ҳарбиро нафратовар хонда, онро омили афзоиши нобаробарӣ донист.

Покистон

Ҳуқуқи Эронро барои дифоъ аз худ таъкид карда, ҳамлаи Исроилро маҳкум кард.

Қатар

Ҳамларо халали қонунҳои байналмилалӣ дониста, онро маҳкум кард.

Аморати Муттаҳидаи Арабӣ

Аз Шӯрои Амният талаб кард, ки фавран барои таъмини сулҳу амният амал кунад.

Ҳамлаи Исроил ба Эрон вокунишҳои манфии васеъи ҷаҳониро ба вуҷуд овард, ки онро халали қонунҳои байналмилалӣ ва таҳдиди амнияти минтақавӣ медонанд. Аксари кишварҳо аз Шӯрои Амният ва ҷомеаи байналмилалӣ талаб карданд, ки ба ин ҳолат хотима диҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4288173

captcha