Ба гузориши ИКНА ба нақл аз рӯзномаи Ал-Ватан, дар ин система, бо истифода аз сенсорҳо дар даромадгоҳҳои масҷиди Ҳаром, теъдоди афроди ҳозир дар даромадгоҳҳои асосӣ назорат мешавад.
Ҳадаф аз ба коргирии ин фанноварӣ, афзоиши самаранокии амалиётӣ аст ва ба мақомҳои масъул имкони қабули тасмимҳои муносибро дар идора ва танзими ҳаракати издиҳоми мардум барои беҳтар намудани равандҳои вуруд ва хуруҷ медиҳад.
Камераҳои зеҳни сунъӣ, ҳаракат ба дохил ва хориҷро ташхис медиҳанд ва имкон медиҳанд ҳаракати зоирин таҳти назорати дақиқ қарор гирад ва нуқтаҳои сериздиҳом ба таври беҳтар шинохта шаванд.
Ин низоми дуҷониба, ки иборат аз сенсорҳо ва камераҳои зеҳни аст, ба беҳтар шудани ҳаракати мардум дар дохили масҷиди Ҳаром, бахусус дар маҳалҳои тавоф ва саъйи Сафо ва Марва мусоидат мекунад. Ин низом инчунин ба танзими рафтуомади зоирин ва афзоиши амнияти онҳо, хусусан дар замонҳои сериздиҳом, кӯмак мекунад. Бо такя бар иттилооти дақиқ, раванди вуруд ва хуруҷ осонтар мешавад.
Идораи кулли умури масҷиди Ҳаром ва масҷиди Набавӣ тавзеҳ дод, ки истифодаи ин фанноварӣ барои назорати дақиқ бар даромаду баромад дар масҷиди Ҳаром, боло бурдани самаранокии низомҳои идораи издиҳом, рушди воситаҳои назорати ҳаракати зоирин ва таҳлили издиҳом ба хотири пуштибонии мақомҳои марбута дар беҳсозии равандҳо ва расидан ба сатҳи олитарини танзими ҳаракати мардум пешбинӣ шудааст.