Ба гузориши ИКНА, Шайх Аҳмад Ад-Дуррул-Омулӣ, хатиби лубнонӣ, адабшинос ва шоири дӯстдори Аҳли байт (а), зодаи шаҳри Сайдо мебошад. Ӯ таҳсили ҳавзавии худро дар шаҳри муқаддаси Қум гузаронидааст ва дар Ироқ марҳилаҳои олии минбар ва хутбаро паси сар кардааст. Баъдан ба Лубнон бозгашт ва бо таъсиси «Маркази олии хутбаи Ҳусайнӣ (а)» ба таблиғу тарвиҷи маъорифи шиъа ва маърифати Аҳли байт (а) пардохт.
Ӯ ба муносибати фаро расидани иди бузурги илоҳӣ — иди саъиди Ғадири Хум дар паёме видеоӣ, ки бо зернависи форсӣ пахш шуд, дар бораи фазоили Имом Алӣ (а) дар маноҳиж ва ривоятҳои исломӣ суханронӣ кард.
Матни суханони шайх Аҳмад Ад-Дуррул-Омулӣ ба ин гуна аст:
Худованди Мутаол, фазилатҳо ва вижагиҳое ба Имом Алӣ (а) додааст, ки дар ҳеҷ шахсе ғайри ӯ дида намешавад. Ҳатто мусалмонони шиъа ва ғайришиъа дар васфи фазоили Имом Алӣ (а) китобҳои зиёде таълиф кардаанд.
Аз машҳуртарин ва шинохташудаи ин вижагиҳо, ки ҳамаи мусалмонон ба он огоҳ ва бар он муттафиқанд, таваллуди эшон дар хонаи Худо ва издивоҷи ӯ бо беҳтарин зани олам, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтар ва насли Паёмбари Акрам (с) аст.
Аз ҷумлаи вижагиҳое, ки Худованд махсуси Имом Алӣ (а) қарор додааст ва агар мусалмон дар он андеша кунад, тамоми ақлу қалб ва вуҷуди ӯ дармеёбад, ки пас аз Паёмбар (с) танҳо Имом Алӣ (а) лоиқи пайравист, на дигарон.
Ин вижагиҳоро метавон дар китобҳо, осор ва ривоятҳое, ки аз саҳоба дар бораи фазоили ҳазрати Алӣ (а) нақл шудаанд, дид.
Вақте ба ривоятҳо муроҷиат мекунем, мебинем ки тамоми мусалмонон — бе муболиға — даҳҳо, садҳо ва ҳатто ҳазорон ривоят дар бораи фазоили эшон зикр кардаанд. Ҳарчанд баъзе китобҳо ба дасти мо нарасидаанд, вале уламову муаллифон таъкид кардаанд, ки ҳазорон ҳадис дар бораи фазоили Алӣ (а) вуҷуд дорад. Ҳатто агар ба ҳамин даҳҳо ривояти мавҷуд қаноат кунем, басанда аст.
Баъзе аз ин ривоятҳо дар китобҳо омадаанд, баъзе муаллифон боби махсусе ба он ихтисос додаанд ва гурӯҳе китобҳои муфассал дар бораи фазоили Имом Алӣ (а) бо унвони «Маноқиби Алӣ ибни Абӣ Толиб» ва «Маноқиби Амирал-Мӯъминон (а)» навиштаанд, ки мавриди қабул ва эътимоди тамоми мусалмонон аст.
Дар ҳамаи ин осор мебинем, ки ҳамаи онҳо бар ин иттифоқ доранд, ки фазоили Алӣ (а) ё тавассути ривоятҳои мутавотир, ё машҳур нақл шуда, ва саҳеҳ будани онҳо аз тарафи ҳамаи ровиён таъйид шудааст. Ҳама бар ин иттифоқ доранд, ки даҳҳо фазилат дар бораи эшон собит аст.
Дар муқобил, дар бораи афроде, ки худро болотар аз Имом Алӣ (а) медонистанд, ҳатто барои як фазилат низ иттифоқи назар вуҷуд надорад.
Ин воқеан аҷиб аст! Яъне ровиён дар бораи даҳҳо фазилати Имом Алӣ (а) иттифоқи назар доранд, вале дар бораи танҳо як фазилат барои шахси ғайри ишон ихтилоф доранд ва мувофиқат намекунанд. Дар ҳоле ки ҳама вуҷуди даҳҳо фазилат дар Алӣ (а)-ро таъйид мекунанд.
Пас натиҷа мегирем, ки тамоми мусалмонон — бо вуҷуди ихтилофи мазҳабӣ, фирқавӣ ва сиёсатҳо — ҳатто онҳое, ки ҳилагар буданд, бар фазоили Имом Алӣ (а) иттифоқ доранд ва таъкид кардаанд, ки ғайри ӯ ҳатто як фазилати мавриди иттифоқи умум надорад. Яъне ҳатто онҳое, ки бо макр ва ҳила бар Имом муқаддам шуданд, наметавонанд як фазилати мавриди иттифоқ барои худашон зикр кунанд.
Оё ин мавзӯъ моро водор ба тадаббур ва андешаи амиқ дар бораи роҳ ва равиши пайравӣ аз Имом Алӣ (а) намекунад? Пас лозим аст тадаббур ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошем.
Иншоаллоҳ Худованд ҳамаи моро ба роҳи рост — роҳи вилоят ва пайравии Амирал-Мӯъминон Алӣ (а) — ҳидоят фармояд.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.