Ба гузориши ИКНА, Оятуллоҳ Сайид Ёсин Мӯсоӣ, имоми ҷумъаи Бағдод ва устоди маъруфи Ҳавзаи илмии Наҷаф, дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафта изҳор дошт: афзоиши даргириҳо дар Ғазза, ҷануби Лубнон, Сурия, Яман, Ироқ ва Эрон фақат вокунише ба ҳодисаи 7 октябр нест, балки бахше аз барномае буд, ки қаблан таҳия шуда, мунтазири фурсат барои иҷро буд. Ӯ амалиёти неруҳои муқовимати Фаластинро дар 7 октябр «вокуниши дифоӣ» дар муқобили мавҷи шадиди фишорҳои низомӣ ва сиёсӣ дар минтақа тавсиф кард.
Оятуллоҳ Мӯсоӣ бо таъкид бар он ки ҳадафи аслии ин таҳаввулот «заиф кардан ва фурӯпошии меҳвари муқовимат» аст, изҳор дошт: пуштипардаи ин тарҳ Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор доранд, ки дар пайи тағйири муодилаи сиёсиву низомии минтақа ба нафъи худ ҳастанд.
Ӯ ҳамчунин нуфузи Амрико дар қарорҳои сиёсии Ироқро маҳкум намуда, бархе чеҳраҳои маъруфи дохилиро ба вобастагӣ ва хидматгузорӣ ба Амрико муттаҳам кард. Ӯ ҳушдор дод: идомаи ин раванд метавонад ба ҷое расад, ки ин афрод зери пои сарбозони амрикоӣ поймол шаванд.
Хатиби ҷумъаи Бағдод бар зарурати ваҳдати шиъаён дар атрофи як барномаи мустақили сиёсӣ таъкид карда, гуфт: таҷриба нишон додааст, ки такя бар қудратҳои хориҷӣ чизе ҷуз қатл, оворагӣ ва таслимпазириро ба бор наовардааст.
Оятуллоҳ Сайид Ёсин Мӯсоӣ ҳамчунин бо ишора ба шаҳодати бархе аз фармондеҳону масъулини низомии Эрон дар ҳамлаи ахири саҳюнистҳо, аз устувории сохтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ситоиш кард ва гуфт: ин низом бар пояи ниҳодҳо ва сохторҳои собит устувор аст, на бар афрод, ва ҳамин омил сабаби бақо ва муқовимати он дар баробари фишорҳову зарбаҳо шудааст.
Ӯ ҳамчунин ҳамлаҳои ахири режими саҳюнистӣ ба хоки Эронро кӯшише барои зарба задан ба зерсохтҳои муқовимат дониста, таъкид кард: Эрон бо ин зарбаҳо суст намешавад ва дар вақти муносиб посух хоҳад дод. Эрон танҳо нест, балки чуқурии стратегии тамоми шиъаёни ҷаҳонро намояндагӣ мекунад.