IQNA

Ал-Азҳари Миср ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба Эронро маҳкум кард

18:21 - June 14, 2025
рақами хабар: 3470
ИКНА - Ал-Азҳари Миср бо шиддат ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум кард ва онро нақзи ошкорои ҳокимияти кишварҳо номид.

Ба гузориши ИКНА, Ал-Азҳари Миср бо маҳкум кардани ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт, ки ин ҳамла нақзи рӯшани ҳокимияти кишварҳо, таҷовузи ошкор алайҳи ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳдиди мустақим алайҳи сулҳ ва амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ин маркази мазҳабии суннатӣ таъкид кард, ки сиёсати зӯргӯёна ва таҷовузкоронаи режими ишғолгари саҳюнистӣ яке аз бадтарин намунаҳои ишғолгарӣ дар таърихи муосир аст.

Ал-Азҳар афзуд, ки ин гуна иқдомҳо паёми авҷи шиддати бештар доранд ва таҳдиде ҷиддӣ барои кашондани минтақа ба самти бесуботӣ ва нооромиҳои шадидтар мебошанд.

Ал-Азҳар аз ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои вобаста ба СММ ва тамоми виҷдонҳои бедори башарӣ даъват ба амал овард, ки ба масъулиятҳои ахлоқӣ ва инсонии худ амал кунанд ва ҳарчи зудтар барои таваққуфи нақзи ҳуқуқ аз сӯи режими саҳюнистӣ, эҳтиром ба истиқлол ва якпорчагии кишварҳо ва ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо иқдом намоянд.

https://iqna.ir/fa/news/4288467

captcha