IQNA

Бозтоби ҳамлаи мушакии Эрон ба режими саҳюнистӣ дар расонаҳои ҷаҳон

18:22 - June 14, 2025
рақами хабар: 3471
ИКНА - Мавҷи ҳамлаҳои мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ, ки дар посух ба таҷовузи ошкорои режими саҳюнистӣ ва ҳамла ба манотиқи мухталифи хоки Эрон анҷом шуд, аз субҳи имрӯз бозтоби густардае дар расонаҳои байналмилалӣ пайдо кардааст.

Ба гузориши ИКНА, хабаргузории Ассошиэйтед Пресс дар бозтоби ин хабар навишт: Эрон пас аз ҳамлаҳои Исроил ба барномаҳои ҳастаӣ ва низомии он, иқдоми интиқомҷӯёна анҷом дод.

Ассошиэйтед Пресс афзуд: пас аз як силсила ҳамлаҳои сахти Исроил ба мақсадҳои барномаҳои ҳастаӣ ва неруҳои мусаллаҳи Эрон, ин кишвар субҳи шанбе ҳамлаҳои мушакиву бесарнишинро ба сӯи Исроил оғоз кард.

Ин хабаргузорӣ дар идома гузориш дод: Эрон мавҷи мушакҳоро ба самти Исроил партоб кард.

Ройтерс низ дар бозтоби ин рӯйдод навишт: Эрон ду шаҳри муҳимми Исроилро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

Ройтерс илова кард: дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба хоки Эрон, субҳи барвақти шанбе миёни ду кишвар даргирии мустақим рух дод. Сиренаҳои ҳушдор дар Тел-Авив ва Қудси ишғолӣ (Уршалим) ба садо даромад ва сокинонро дар муқобили мавҷҳои пайвастаи мушакҳои Эрон ба паноҳгоҳҳо кашонд.

Шабакаи CNN низ аз ҳадаф қарор гирифтани шаҳри Байтулмуқаддас (Қудс) ба ҳайрат афтод. Ин шаҳр маркази бисёре аз идораҳои муҳими режими саҳюнистӣ аст.

Расонаҳои саҳюнистӣ субҳи имрӯз аз дури нави ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Тел-Авив ва манотиқи густардае дар шимол, марказ ва ҷануби Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи Ал-Алам, дар пайи амалиёти “Ваъдаи Содиқи ۳” аз сӯи Эрон ва дар ҷавоб ба ҳамлаҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ, хабаргузории ТАСС-и Русия гузориш дод, ки мушакҳои Эрон ба беш аз 150 ҳадаф, аз ҷумла пойгоҳҳои ҳавоии Исроил, ки ҷангандаҳои F-35, F-16 ва F-15 дар онҳо мустақар ҳастанд, бархӯрд кардаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4288516

captcha