IQNA

Нигоҳе ба осори хаттии Қайравон (қисмати аввал):

Тӯморҳои чармӣ — манбаи аслии ҳунари китобати Қуръон дар Тунис

5:20 - June 16, 2025
рақами хабар: 3475
ИКНА - Китобхонаи қадимии шаҳри Қайравон дорои маҷмӯаи нодире аз мусҳафҳои дастнавис аст, ки бар рӯи тӯморҳои чармӣ ва пӯстӣ навишта шудаанд ва ба ибтидои таърихи Ислом бозмегарданд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз ал-Фурқон, китобхонаи қадимаи Қайравон — шаҳри бостонӣ дар Тунис — яке аз ганҷинаҳои камназири мусҳафҳои хаттӣ ба шумор меравад, ки бар рӯи тӯморҳои чармӣ ва пӯстӣ навишта шудаанд ва таърихи онҳо ба садаҳои аввали исломӣ бармегардад. То кашфи мусҳафҳо ва тӯморҳои масҷиди ҷомеъи Саноъо дар Яман, ин маҷмӯа ягона манбаи аслии омӯзиши ҳунари китобат дар аҳди исломии аввалин ба шумор мерафт.

Таҳқиқоти муфассал дар бораи нусхаҳои Қайравон

Ҷорҷ Марсӣ (шарқшиноси фаронсавӣ) ва Луӣ Пуансо (бостоншиноси фаронсавӣ) таҳқиқоти васееро ба нусхаҳои хаттии китобхонаи Қайравон ихтисос доданд. Ин таҳқиқот сабаби санадсозӣ ва шиносоии вижагиҳои муҳимми ҳунарии ин нусхаҳо гардид, ҳарчанд тамаркуз асосан бар омӯзиши мустанақил аз мусҳафҳои худи китобхона буд.

Инчунин баррасии санадҳо ва матнҳое, ки дорои таърихи нашр набуданд — мисли гузоришҳои қадимӣ аз мусҳафҳои Қайравон ва таҳқиқи баъзе нусхаҳои нодир ба вижа китобе бо номи "ат-Тайсир фӣ саноъат ат-тасфир" навиштаи Шайх Бакр ибни Иброҳим ал-Ишбилӣ — имкони сабт ва шинохти марҳилаҳои гуногуни чармсозӣ ва ошноӣ бо истилоҳоти ҳунарӣ ва луғавии марбут ба онро фароҳам овард.

Шукуфоии саноати чарм ва китобат дар Африқо

Саноати чармсозӣ дар Африқо дар садаҳои X ва XI мелодӣ ба авҷи худ расид. Зинҳои Қайравон, ки бо нуқра ва абрешим оро дода мешуданд, ба кишварҳои Аврупо содир мешуд. Ҳамчунин, саноати тавлиди пӯст дар ин давра густариш ёфт ва тамоми мусҳафҳо ва дафтарҳои африқоиҳо бо истифода аз пӯст сохта мешуданд.

Андалусиҳо усул ва роҳҳои сохтани абзорҳои китобатро аз африқоиҳо омӯхтанд. Африқо дар он замон ба яке аз марказҳои муҳими саноати китобат табдил ёфта буд ва маҳсулоти худро ба шарқ ва Андалус содир мекард.

طومارهای خطی کتابخانه قدیمی قیروان

Ба дунболи ин раванд, саноати китобати мусҳаф дар Африқо рушд кард ва хаттотон (китобнависон) ба ин пеша рӯ оварданд. Яке аз маъруфтарин онҳо Аҳмад ибни Алӣ Варроқ буд, ки як мусҳафро ба танҳоӣ барои яке аз амирони африқоӣ китобат, эъробгузорӣ, тazҳиб (зарпартоӣ) ва муҳкаме кард ва дар санади вақфи он чунин навишт:
«Ин мусҳафро Алӣ ибни Аҳмади Варроқ дар соли 410 ҳиҷрӣ / 1020 милодӣ китобат, эъробгузорӣ, тaзҳиб ва ҷилд кардааст.»

Тӯморҳои қадимии Қайравон

Маҷмӯаи тӯморҳои Қайравон дар ибтидои қарни гузашта дар утоқи кӯчаке аз масҷиди ҷомеъи Қайравон кашф шуд ва сипас дар осорхонаи Барду (Bardo) нигаҳдорӣ мешуд. То соли 1985, бахши бузурге аз ин осорхона ба маркази мутолеоти тамаддун ва ҳунари исломӣ табдил дода шуд. Ҳоло намунаҳое аз ин тӯморҳо дар Осорхонаи миллии Барду, Осорхонаи Раққода ва Осорхонаи Монастир нигаҳдорӣ мешаванд.

https://iqna.ir/fa/news/4266744

captcha