IQNA

Қатъи парвозҳои мусофирбар дар фазои ҳавоии режими саҳюнистӣ

5:24 - June 16, 2025
рақами хабар: 3478
ИКНА - Вазоратҳои нақлиёт ва корҳои хориҷии режими саҳюнистӣ эълон карданд, ки фазои ҳавоии ин режим ба рӯи ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баста шудааст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз ал-Олам, ду вазорат — нақлиёт ва корҳои хориҷии режими саҳюнистӣ — имрӯз дар баёнияи муштараке эълон карданд, ки бар асоси дастуроти мақомоти амниятӣ, ҳар гуна парвози ғайринизомӣ дар фазои ҳавоии Исроил манъ шудааст.

Бино бар иттилои Вазорати нақлиёти ин режим, фазои ҳавоӣ то огоҳии баъдӣ барои нишаст ва парвоз баста боқӣ мемонад, ва аз мусофирон хоста шудааст, ки аз рафтан ба фурудгоҳи Бен-Гурион дар Тел-Авив худдорӣ намоянд, зеро ин фурудгоҳ низ баста шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии (El Al) — ширкати миллии Исроил — низ дар баёнияе эълон кард, ки тамоми парвозҳои худ ва зерсохтори он, яъне ширкати «Сандур» (Sundor), мутаваққиф шудаанд.

Ин ширкат таъкид кардааст, ки резерв (банд кардани билет) барои ҳамаи парвозҳои барномарезишуда то санаи 30 июн баста хоҳад буд ва то замоне ки вазъи амниятӣ рӯшан нашавад, ин ҳолат идома меёбад.

https://iqna.ir/fa/news/4288735

captcha