Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, манобеи саҳюнистӣ эълом карданд, ки мавҷи ҳаштум аз ҳамлаҳои густурдаи мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ хисороти вайронгаре ба бор овардааст.
Полоишгоҳи "Базан" дар Ҳайфо, ки дар ин ҳамлаи мушакӣ ҳадаф қарор гирифтааст, ҳамчун калонтарин полоишгоҳи Исроил, нақши ҳаётӣ дар амнияти энержии ин режим дорад. Ин марказ бо тавоноии коркарди тахминан 197 ҳазор бушка нафти хом дар рӯз, тақрибан 40 дарсади бензин ва 60 дарсади дизели мавриди ниёзи Исроилро таъмин мекунад ва дар маҷмӯъ 70 дарсади маҳсулоти сӯхтии бозори дохилии онро истеҳсол менамояд.
Манобеи саҳюнистӣ хабар доданд, ки бар асари шиддати ҳамлаҳои шаби гузашта, паноҳгоҳҳои зеризаминӣ дар минтақаҳои ишғолшуда фурӯ рехтаанд.
Манобеи ибри забон аз оташсӯзиҳои бесобиқа дар баъзе аз манотиқи Тел-Авив бар асари ҳамлаҳои мушакии шаби гузашта хабар доданд.
Ба гузориши "Фаластин Ал-Явм" ба нақл аз расонаҳои исроилӣ, ин оташсӯзиҳо бар асари бархӯрди мушакҳои эронӣ ба вуҷуд омадаанд.
Ҳамчунин гузориш шудааст, ки хатҳои интиқоли оби Тел-Авив, шабакаи барқи Ҳайфо ва нерӯгоҳи ин бандар низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе оморе аз талафоти амалиёти нави “Ваъдаи Содиқи 3” ва теъдоди мушакҳову паҳподҳои партобшуда аз сӯи Эрон ба қаламрави ишғолшуда мунташир карданд.
Шабакаи 12 телевизиони ин режим гузориш дод, ки аз оғози амалиёт, Эрон 370 мушаки баллистикӣ ва беш аз 100 паҳподро дар 11 мавҷи ҳамла ба сӯи ҳадафҳои ин режим партоб кардааст.
Ба гузориши манобеи ибрӣ, созмони умури молиётии режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳаҷми хисорот дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакиву паҳподии Эрон дар се рӯзи ахир беш аз як миллиард шекел (тақрибан 270 миллион доллари ИМА) баровард шудааст.
Шабакаи 14 низ ба нақл аз сухангӯи пулис хабар дод, ки вазъ дар маконҳои бархӯрди мушакҳои эронӣ дар маркази сарзаминҳои ишғолшуда бисёр вахим аст ва ҳаҷми вайрониҳо густарда мебошад.
Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки ширкати ҳавопаймоии "Йесроир" тамоми парвозҳои дохилӣ ва байналмилалии худро то рӯзи 30 июн лағв кардааст.