IQNA

Ансоруллоҳ: Барои ҳимоят аз Эрон мудохила хоҳем кард

15:48 - June 18, 2025
рақами хабар: 3495
ИКНА - Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви Шӯрои сиёсии Ансоруллоҳи Яман эълом кард: Ба ҳамагон мегӯем, ки дар сурати таҷовуз ба ҳар кишвари арабӣ ва исломӣ, посухи Яман қатъӣ хоҳад буд.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, ал-Бухайтӣ бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба муассисаҳои ҳастаии Эрон тамоми хатҳои сурхро зери по гузошт, гуфт: Ба ҳамагон мегӯем, ки дар сурати таҷовуз ба ҳар кишвари арабӣ ва исломӣ, посухи Яман ҳатмӣ аст.

Ӯ таъкид кард: Мо барои ҳимоят аз Эрон дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ мудохила хоҳем кард, ҳамон тавре ки аз бародаронамон дар Ғазза ҳимоят кардем.

Ин узви аршади Ансоруллоҳ изҳор дошт: Ишғолгарон дар расидан ба аҳдофи худ дар Ғазза ва Яман шикаст хӯрданд ва акнун низ наметавонанд набард бо Эронро ба нафъи худ ба поён расонанд.

Ал-Бухайтӣ таъкид кард: Мо ба таҳаққуқи пирӯзӣ итминон дорем ва Эрон бешак дар баробари Исроил шикаст нахоҳад хӯрд.

https://iqna.ir/fa/news/4289323

captcha