IQNA

Муқовамати Фаластин: Эрон дарси сахте ба душман додааст

18:37 - June 21, 2025
рақами хабар: 3496
ИКНА – Сароё-Ал-Қудс, шохаи низомии ҷунбиш ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард: гурӯҳҳои муқовамати Фаластин бо ниҳояти ифтихор ва сарбаландӣ ба иқтидор ва тавонмандии Эрон ва посухи бесобиқа ба қалби режеми саҳюнистӣ нигоҳ мекунанд.

Ба гузориш ИКНА ба нақл аз Ал-Қудсул-Арабӣ, Сароё-Ал-Қудс, шоха низоми ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ таъкид кард: гурӯҳҳои муқовимати Фаластин бо ниҳояти ифтихор ва сарбаландӣ ба иқтидор ва тавонмандии Эрон ва посухи бесобиқа ба қалби режими саҳюнистӣ нигоҳ мекунанд ва ҳамчунон дӯшодуш ва дар канори Эрон, ки мавозеъсобте дар ҳимоят аз миллати Фаластин дорад, қарор доранд.

 Дар ин баёния омадааст: шаҳодати ҷамъе аз фармондаҳони низомии неруҳои мусаллаҳи Эрон ва донишмандони барҷаста танҳо сабаби афзоиши қудрат, азм ва ирода ва салобат ва пофишорӣ бар идомаи ин масири қудратманд то таҳаққуқи аҳдоф ва баландпарвозиҳо хоҳад шуд.

Амвоҷи ҳамалоти мушакии рӯзонаи Эрон ба мавозеъи режими ишғолгар ва пойгоҳҳои ҷосусӣ ва иттилоотии он бар қариби душман аломати шикасти душман ва завол ва нобудии он муҳри таъйид мезанад.

Ин гурӯҳи муқовиматӣ афзуд: ҳашт рӯз аз амалиёти Ваъдаи Содиқи 3, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба терроризм ва таҷовузоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ оғоз кард, гузаштааст, ки тайи он артиш ва сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ бо иқтидор аз сарзамин ва мардуми худ дифоъ мекунанд ва дарсҳои сахте ба душман додаанд, ки сабаби боздорандагӣ дар баробари душман ва шикасти он ба изни илоҳӣ мешавад.

Дар ин баёния таъкид шудааст: мо итминон дорем, ки раҳбарӣ ва миллати шуҷоъи Эрон ҳамчунон бо ҳикмат, дурандешӣ ва шуҷоат ба муқобила бо душман идома медиҳанд ва таъкид мекунем, ки сарнавишти ин ҷанг, пирӯзии муъминони содиқ, ёрони масъалаи Фаластин ва Қудси муборак ба изни илоҳӣ хоҳад буд.

https://iqna.ir/00Hzyc

captcha