IQNA

Ҷаласаи шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи ҳамалоти Амрико ба Эрон

23:26 - June 22, 2025
рақами хабар: 3502
ИКНА - Шӯрои амнияти Созмони Милал имрӯз нишасти изтирорӣ дар бораи ҳамалоти Амрико ба Эрон баргузор мекунад.

Ба гузориши ИКНА, шӯрои амнияти Созмони Милал имрӯз якшанбе ба вақти маҳаллӣ нишасти изтирорӣ дар бораи ҳамалоти Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон баргузор мекунад.

Манобеи мутталеъ дар Созмони Милал рӯзи якшанбе гуфтанд, ки ин нишасти изтирории шӯрои амният барои баъд аз зӯҳр барномарезӣ шудааст.

Нишасти изтирории шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои баҳс ва гуфтугӯ дар мавриди ҳамалоти Амрико ба се таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дархости Эрон ташкил хоҳад шуд.

Ин дарҳоле аст, ки дипломатҳо ба хабаргузории Рейтерс гуфтанд: Русия, Чин ва Покистон пешнависи қатъномаеро ба шӯрои амнияти Созмони Милал пешниҳод додаанд, ки хостори таваққуфи фаврӣ ва бидуни қайду шарти даргириҳо дар Ховари Миёна аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар бомдоди рӯзи якшанбе ба вақти Теҳрон бо таҷовуз ба се сайти ҳастаии Фурду, Натанз ва Исфаҳон, ба ҷанги Нетаняҳу алайҳи Эрон пайваст.

Режеми Исроил бомдоди рӯзи ҷумъа ҳамлаи террористӣ ба Теҳрон ва теъдоде аз шаҳрҳои Эронро оғоз кард ва шуморе аз фармондаҳони низомӣ, донишмандон ва мардуми ғайри низомӣ ба шаҳодат расиданд.

Дар пайи ин иқдоми Амрико, Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон бо судури паёме таъкид кард: бар асоси маншури Созмони Милали Муттаҳид ва мафоди онки иҷозаи посухи машрӯъ дар чорчуби дифоъ аз худро медиҳад, Эрон тамоми гузинаҳоро барои дифоъ аз ҳокимият, манофеъ ва мардуми худ маҳфуз медорад.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон низ ҳамзамон бо пайвастани Амрико ба ҳамлаи режими Исроил алайҳи Эрон, аз оғози даври бистуми ҳамалоти таркибии мушакӣ паҳподӣ алайҳи аҳдофи низомӣ ва марокизи санъатии вобаста ба санъати низомӣ дар шаҳрҳои Ҳайфо ва Телавив хабар дод.

https://iqna.ir/00I04l

captcha