Маҳдии Ғуломнажод дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА дар робита бо ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба кишварамон бо таъкид бар ин ки оғози ҷанг аз сӯи режими кӯдаккуш ва ғайриқонунӣ сурат гирифт, гуфт: Ин режими сохта аз ворид шудани ҷанг ба марҳилаи фарсоянда сахт ҳарос дошт ва барои он ки бо обурӯ аз ин варта берун шавад, кӯшид бо мусоидати Амрико, тавассути амале намоишӣ, Эронро тарсонда ва бо нигоҳ доштани обрӯйи худ, аз ин муҳосира ҷон ба саломат барад.
Ӯ бо ишора ба амалиёти «Ваъдаи Содиқи 3», иқдомоти нерӯҳои мусаллаҳ ва пуштибонии умумии мардум афзуд: Ман бо шинохти амиқе, ки аз мардум ва нерӯҳои мусаллаҳи кишварамон дорам, бо итминон мегӯям, то нобудии комили ин режими ғосиб, аз по нахоҳанд нишаст. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ, замони феълӣ беҳтарин фурсат барои амалисозии ин ҳадафи бузург аст ва ба қудрати Худованд, ин воқеа дар ояндаи наздик амалӣ хоҳад шуд.
Ин қории байналмилалӣ бо таъкид бар он ки ҷанг барои мо низ ҳамроҳ бо сахтиҳо ва хароҷот аст, гуфт: Бар асоси омӯзишҳои Қуръони Карим, ин сахтиҳо набояд сабаби сустӣ шаванд. Шояд шаҳодати бархе аз сарфармондеҳон, донишмандони ҳастаӣ ва афроди бегуноҳ, бар рӯҳияи баъзеҳо таъсир гузошта бошад, аммо бояд иродаи устувор нишон диҳем то ба ҳадафи ниҳоии худ, ки ҷуз нобудии режими саҳюнистӣ нест, бирасем.
Ғуломнажод бо ишора ба неъмати ҳамнишинӣ бо каломи ваҳй гуфт: Яке аз бузургтарин неъматҳо, унс ва ҳамнишинӣ бо Қуръон аст. Ҷомеаи қуръонӣ вазифадор аст аз ин фурсат истифода кунад ва бо густариши муҳаббат ва шиносоӣ бо Қуръон, огоҳии мардумро боло барад. Ман шахсан дар ин рӯзҳо кӯшидаам бо тиловати оятҳои умедбахши Қуръонӣ касоне, ки дучори шубҳа шудаанд, рӯҳия бахшам. Оятҳои нуронӣ, ки гӯё барои ҳамин рӯзҳо нозил шудаанд ва лозим аст беш аз пеш ба мардум муаррифӣ шаванд.
Ӯ дар идома ба ояти 139 сураи Оли Имрон ишора кард ва афзуд: «وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ»
(Суст нашавед ва ғамгин мабошед, зеро шумо болотар ҳастед, агар имон дошта бошед.)
Дар ин оят, мӯъминон ба устуворӣ ва умед фаро хонда шудаанд ва ваъдаи пирӯзӣ ба онҳо дода шудааст — ваъдае, ки бо ҳифзи имон амалӣ мешавад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, имон муҳимтарин пояи пирӯзӣ бар душман аст ва бояд беш аз ҳар замоне бар он тамаркуз кард. Қуръон саршор аз чунин оятҳои умедбахш аст, ки бояд ҷомеаи мо бо онҳо бештар унс гирад.
Ғуломнажод ҳамчунин ба саргузашти қавми Бани Исроил ва фирори онҳо аз дасти сипоҳи Фиръавн ишора карда, гуфт: Ҳазрати Мӯсо (а) ба қавми худ ваъдаи пирӯзӣ дода буд. Онҳо ҳангоми расидан ба баҳр, тасаввур карданд, ки поёни роҳ расидааст. Баъзеҳо, ки ба ваъдаҳои илоҳӣ шак доштанд, гуфтанд: чаро дармонда шудем, агар Худо ваъдаи пирӯзӣ дода буд? Ин вазъ то лаҳзаи охир идома дошт, то вақте ки бахри баҳр ба фармони Худо шикофта шуд ва ёрии ғайбӣ фаро расид. Мо бояд ин воқеаҳои Қуръониро ба мардум бозгӯ кунем ва дасти Худоро дар рӯйдодҳо нишон диҳем, то имони мардум ба ваъдаҳои илоҳӣ қавӣ шавад ва ҳадафи ниҳоӣ амалӣ гардад.
Ин қории байналмилалӣ бо таъкид бар тавсияи Қуръон дар бораи дифоъ аз мазлумон гуфт: Яке аз аҳдофи аслии ин ҷанг пуштибонӣ аз мардуми мазлуму бепаноҳи Фаластин ва Ғазза аст — мардумони бегуноҳе, ки дар сахттарин шароит имони худро аз даст надодаанд. Мо то нобудии комили режими саҳюнистии сохташуда, барои кӯдакон ва бепаноҳони Ғазза мубориза хоҳем кард.
Дар поён, ӯ дар бораи нақши ниҳодҳои қуръонӣ дар шароити феълӣ гуфт: Фаъолиятҳои қуръонӣ бояд амалӣ ва саҳнавӣ бошанд. Дар айни замон, тамоми табақаҳо дар саҳна ҳузур доранд ва ҷомеаи қуръонӣ низ бояд ҳузури фаъол ва муассир дошта бошад. Корҳои фарҳангӣ набояд танҳо ба андешапардозӣ ва баргузории барномаҳо дар айём ва маросими махсус маҳдуд шавад — бояд ба таври амалӣ ва ҷиддӣ дар майдон ҳузур ёфт.