IQNA

Боздид 28 000 зоири аз Маркази чопи Қуръони Мадина дар як моҳ.

17:50 - July 03, 2025
рақами хабар: 3537
Масъулони Маркази чоп ва нашри Қуръон «Малик Фаҳд» дар Мадина хабар доданд, ки 28,726 зоир дар моҳи июни соли 2025 аз ин марказ боздид намуданд.

Масъулони Маркази чоп ва нашри Қуръон «Малик Фаҳд» дар Мадина хабар доданд, ки 28,726 зоир дар моҳи июни соли 2025 аз ин марказ боздид намуданд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақли аз "Ал-Риёд", ин зоирон аз миллатҳои гуногун ва меҳмонони Хонаи Худо ва ҳоҷиёни Байтуллоҳ ул-Ҳаром буданд, ки пас аз адо кардани амалҳои ҳаҷ ба Мадина омада ва аз Маркази чопи Қуръони Малик Фаҳд бозд.

Ҳамчунин, як гурӯҳ зоири умра низ аз меҳмонони ин макони исломии барҷастаи Арабистони Саудӣ, ки дар чоп ва нашри Қуръон пешсаф аст, буданд.ид карданд.

Зоирони кишварҳои Индонезия, Ҳинд, Чин, Бангладеш, Миср, Тоҷикистон, Ироқ, Покистон, Алҷазоир, Яман ва Амрико аз Маркази Қуръони Мадина боздид намуданд ва бо марҳалаҳои гуногуни чопи Қуръон ва тарҷумаи он ба забонҳои мухталиф ошно шуданд.

Боздидкунандагон инчунин дар бораи кӯшишҳои Маркази Қуръони Мадина барои истифодаи технологияҳои муосир бо мақсади муҳофизат ва нашри Қуръон ба забонҳои гуногун, ки ба равиши Арабистони Саудӣ барои нашри Ислом миёнаравӣ ва тақвияти табодулоти фарҳангӣ вобаста аст, маълумот гирифтанд.

Гуфтанист, ки Маркази чоп ва нашри Қуръони Малик Фаҳд бузургтарин маркази чоп ва тақсимоти Қуръон дар саросари ҷаҳон аст, ки 30 октябри соли 1984 дар Мадина ифтитоҳ ёфт.

Ин маҷмӯъ яке аз муҳимтарин марказҳои фарҳангӣ ва динӣ дар Арабистони Саудӣ мебошад, ки нақши муҳим дар чоп ва тақсимоти нусхаҳои дуруст аз Қуръони Карим бо ривоятҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон, махсусан дар кишварҳои исломӣ доштааст.

Маъмурияти аслии ин маркази чоп ва тақсимоти Қуръон бо ривоятҳои мутаваттир аст, ки аз ҷониби уламо ва донишмандони илмии Қуръон тасдиқ шудааст. Пас аз омодасозии нусхаҳои аввал аз ҷониби хаттот, матн ба таври ҳарф ба ҳарф ва калима ба калима бо диққат баррасӣ шуда ва бо намунаи тасдиқшуда мувофиқат карда мешавад. Ин баррасӣ аз ҷониби «Кумитаи илмии мувофиқат ва баррасии нусхаҳои Қуръон» сурат мегирад, дар ин роҳ аз маҷмӯи қироатҳои сабтшуда аз ҷониби қориҳои маъруфи ҷаҳон истифода мешавад.

Системаи назорати чоп низ чанд марҳаларо дарбар мегирад, ки ба ғайр аз назорати ибтидоӣ, назорати ҳангоми чоп ва баррасии намунаҳои охиринро низ дар бар мегирад.

Дар канори маркази назорат, Маркази тарҷумаи Қуръони Карим низ масъули тарҷумаи каломи ваҳй ба забонҳои мухталиф мебошад, ин амалиёт барои осон кардани дарки Қуръони Карим барои мусулмонон, ки забони арабӣ намедонанд, анҷом дода мешавад, ки ин як иқдом дар ҷавоб ба тавсияҳои Паёмбари (с) барои расонидани паёми илоҳӣ ба ҳамаи бандагони Худо мебошад.

4292001

captcha