IQNA

Зеҳни сунъӣ ё ( ҳуши маснуъӣ) ва технологияҳои сайберӣ барои таъмини амният дар маросимҳои Муҳаррам дар Карбало

Давлати муқаддаси Ҳусайнӣ (а) барои таъмини амнияти маросимҳои Муҳарраму Ошуро дар Карбало як нақшаи калони назоратӣ ба роҳ мондааст, ки дар он аз зеҳни сунъӣ ( ҳуши маснуъӣ) ва амнияти сайберӣ истифода мешавад.

16:38 - July 05, 2025
рақами хабар: 3543

Тибқи гузориши Икно аз торнамо (вебсайти) Остонаи муқаддаси Ҳусайнӣ, Раёсати амният ва тартиботи умумии ҳарами Эмом Ҳусайн (а) хабар додааст, ки зиёда аз 2000 камераи мушоҳидавии навтарин дар Карбало насб шудааст. Ин як қисми нақшаи калони амниятӣ барои таъмини оромию бехатарии маросимҳои моҳи Муҳаррам аст.

Раисии ин ниҳод, Расул Фазола, гуфтааст: Мо бо ҳамоҳангии дигар сохторҳо ва кормандони остони муқаддас, инчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии давлатӣ, як утоқи муштараки амалиётӣ (оперативӣ) ташкил кардаем, то амнияти маросимҳои Муҳаррам ва амнияти меҳмонон ва воридшавиҳо ба шаҳри Карбало таъмин шавад.

Ӯ илова кард: Системаи назоратии мо зиёда аз 2000 камера дорад, ки дар тамоми даромаду баромадҳои шаҳри куҳна насб шудаанд. Ин камераҳо бо технологияи зеҳни сунъӣ кор мекунанд, ки қодир ба шинохти чеҳра ва таҳлили зуду самаранок  аз маълумот мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, як дастаи махсуси амнияти сайберӣ масъул аст, ки ин системаҳои техникӣ аз ҳамлаҳои электрониву хатарҳои шабакавӣ муҳофизат шаванд.

Фазола гуфт: Дар даромадҳои Ҳарами муқаддас дастгоҳҳои муосири назоратӣ гузошта шудаанд. Илова бар ин, аз дастгоҳҳое истифода мешавад, ки қодир ба шинохти ашёи бегона дар дохили сумка ва аробаҳо мебошанд.

Ӯ инчунин гуфт: Дар миёни ин камераҳо, камераҳои махсусе ҳастанд, ки бо технологияҳои хос метавонанд шумораи меҳмононро ба таври худкор ҳисоб кунанд. Онҳо маълумоти дақиқ дар бораи зичии мардум ва самти ҳаракат ба утоқи амалиётӣ медиҳанд, ки ба назорати издиҳом ва танзими ҳаракат кӯмак мерасонанд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби Остани муқаддаси Эмом Ҳусайн (а) қисме аз як барномаи бузурги амниятӣ аст, ки барои таъмини сатҳи олии муҳофизат барои меҳмонон ва баргузор кардани маросимҳои Ошуро ба таври амн ва ором ба роҳ монда шудааст.

Тегҳо: Карбало ، Ироқ
captcha