IQNA

Фатвои Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ зидди Трамп ва Нетаняҳу

19:09 - June 30, 2025
рақами хабар: 3532
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ яке аз марҷаъҳои аъзами шиъа, дар фатвоӣ таъкид карданд: Ҳар касе ё режиме, ки раҳбарӣ ва марҷаъиятро таҳдид кунад, дар ҳукми муҳориб аст.

Бар асоси гузориши Икно, Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ яке аз марҷаъҳои аъзами шиъа, дар фатвоӣ таъкид карданд: Ҳар касе ё режиме, ки раҳбарӣ ва марҷаъиятро таҳдид кунад, дар ҳукми муҳориб аст.

Матни паёми ин марҷаъи олиқадри наҳзати шиъа ба шарҳи зерин аст:

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳар кас ё режиме, ки барои зарба задан ба уммати Исломӣ ва ҳукумати он, раҳбарӣ ва марҷаъиятро таҳдид кунад, ҳукми муҳорибро дорад ва ҳар гуна ҳамкорӣ ва тақвияти он аз тарафи мусалмонон ё давлатҳои Исломӣ ҳаром аст.

Лозим аст, ки тамоми мусалмонон дар саросари ҷаҳон ин душманонро аз гуфтор ва иштибоҳоти худ пушаймон кунанд ва агар дар ин роҳ барояшон иттифоқе пеш ояд, аҷри муборизро дар назди Худо доранд, иншоллоҳ.

Худованд ҷамъияти Исломиро аз шарри душманон муҳофизат намояд ва дар зуҳури Ҳазрати Соҳибул-Аср таъҷил фармояд.

Ҳамеша муваффақ бошед.

 

https://iqna.ir/fa/news/4291607

captcha