IQNA

Мақоми Эмом Ҳусайн (а) ва шаҳидони Карбало тибқи оятҳои Қуръон

16:17 - July 06, 2025
рақами хабар: 3547
Устоди Ҳавзаи илмии Қум дар маросими эҳёи Қуръонӣ шаби Ошуро, бо ишора ба баъзе аз хусусиятҳои ёрони Эмом Ҳусайн (а) ва онҳое ки дар ҳамин роҳ қарор доранд, ин хусусиятҳоро бо истинод ба оятҳои Қуръони Карим шарҳ дод.

Ба гузориши хабарнигори ИКНО, шаби шанбе 14-уми тир (мувофиқ ба таърихи шамсӣ), маросими эҳёи шаби Ошуро бо ҳузури гурӯҳе аз фаъолони Қуръонӣ ва мардум дар масҷиди Ҷамкоран баргузор гардид ва то вақти азони субҳи рӯзи якшанбе идома ёфт.

Дар аввали ин маросим, Ваҳид Назариён, қории байналмилалии Эрон, чанд ояти Қуръонро тиловат кард. Баъдан, Ҳоҷатулислом Муҳаммадмаҳдӣ Мондагорӣ суханрониашро оғоз намуд.

Мондагорӣ гуфт:

Шаби Ошуро, танҳо шаби шаҳодати як инсони комил нест, балки як нуқтаи сарнавиштсоз барои тамоми башарият аст. Шабест, ки Худо тавассути Қуръони зинда — яъне Эмом Ҳусайн (а) — инсонҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кард:
Яке онҳо, ки роҳи ҳақро интихоб карданд, ва дигаре онҳое, ки дар роҳи зулм ва гумроҳӣ афтоданд.

Ӯ афзуд:

Ошуро шабест, ки марди боғайрат аз беғайрат ҷудо мешавад. Касоне ҳастанд, ки зоҳиран инсонанд, вале дар ботин аз ҳайвон ҳам пасттаранд. Агар ба зиндагии Эмом Ҳусайн (а), ки худ Қуръони амалкунанда ва муаллими осмонӣ ҳастанд, ва ба ёрони ӯ, ки бар асоси таълимоти Қуръон парвариш ёфтаанд, бодиққат нигарем, мебинем ки инҳо намунаҳои комили инсонҳои тарбияшуда аз ҷониби Қуръон ва Аҳли Байтанд.

Мандагорӣ баъзе оятҳои Қуръони Каримро, ки равшанкунандаи роҳи Имом Ҳусайн (а) мебошанд, шарҳ дод:

🔹 Сураи Ҳамд, ояти 6 ва 7:

: «اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ؛ صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ»،

Мо ва ҳамин роҳи ростро нишон деҳ. Роҳи ононе, ки ба онҳо неъмат додӣ — на роҳи касоне ки сазовори ғазабанд ва на роҳгумгаштагон 

Мандагорӣ шарҳ дод:

Худованд як дастурхони тарбиявӣ кушодааст, ки роҳи рост — яъне роҳи ҳақ ва наҷот — дар он ҷой дорад.

🔹 Сураи Инсон, ояти 3:إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

 

(Мо ба ӯ роҳро нишон додем — хоҳ шукргузор бошад ва хоҳ кофир.)

Маънои он, ба гуфтаи Мондагорӣ, ин аст ки Худо роҳи ҳақро нишон дода, инсон озод аст ки онро қабул кунад ё не. Аммо касе ки онро қабул мекунад, мисли ёрони Ҳусайн (а) мешавад — инсонҳои комилан парваришёфта ва намунаи воло.

Мондагорӣ одамонро аз нигоҳи Қуръон ба ду гурӯҳ ҷудо кард:

Онҳое ки Қуръон ва Аҳли Байти Паёмбарро қабул кардаанд ва бо ин таълимот калон шудаанд. Мисли ёрони Паёмбар (с), имомон ва махсусан 72 нафари Карбало.

Инҳо, ба гуфтаи ӯ, на танҳо дар қиёмат ба таври махсус эҳтиром мешаванд, балки намунаи одамоне ҳастанд ки тарбияти пурраи Қуръон ва Исломро пазируфтаанд.

Мондагорӣ ба ояти 69 сураи Нисо ишора кард:

: «وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَالرَّسُولَ فَأُولَئِكَ مَعَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ وَالصِّدِّيقِينَ وَالشُّهَدَاءِ وَالصَّالِحِينَ وَحَسُنَ أُولَئِكَ رَفِيقًا

(Ҳар кас ки ба Худо ва Паёмбар итоат кунад, бо касоне хоҳад буд ки Худо ба онҳо неъмат додааст: паёмбарон, ростинҳо, шаҳидон ва солеҳон — ва инҳо чӣ ҳамроҳони некӯянд!)

Онҳое ки аз ҳақ гурехтанд ва бо дин, Қуръон ва Аҳли Байт мубориза карданд.

Мондагорӣ гуфт, инҳо ҳамонҳоянд ки:

Замони Паёмбар ба ӯ тавҳин мекарданд

Дар Карбало бар сари Эмом Ҳусайн санг мепартофтанд

Имрӯз ҳам мисли сиҳюнистон, одамони бегуноҳ ва кӯдаконро мекушанд

Ин гурӯҳ дар Қуръон ҳамчун «мағзуб» — сазовори ғазаб ёд мешаванд.

Ин маросим таъкид кард, ки:

Ошуро як шаби сарнавишт аст

Эмом Ҳусайн (а) ва шаҳидони Карбало намунаи инсонҳои тарбияшуда аз Қуръонанд

Ин роҳ имрӯз ҳам ҳаст ва интихоби мо аст ки дар кадом гурӯҳ бошем

 

https://iqna.ir/fa/news/4292789

captcha