Ба гузориши Алҷазира, чанд нафар эътирозгар дар боғи Лафайет, рӯ ба рӯи Кохи Сафед, бо плакатҳое дар даст Натаняҳуро "ҷинояткори ҷангӣ" номиданд ва хостори поён додан ба ҷанги Ғаза шуданд.
Эътирозгарон бо парчамҳои Фаластин ва шиорҳое чун "Фиристодани силоҳ ба Исроилро қатъ кунед" ва "Не ба қатли ом" ҷамъомад карданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки фармони боздошти Нетаняҳу барои ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазаро ба иҷро расонанд.
Медиа Бенҷамин, як фаъоли амрикоии сулҳ ва асосгузори гурӯҳи зиддиҷангии "Код Пинк", рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии "Икс" (пештар Твиттер) навишт:
"Нетаняҳу барои бори сеюм аз замони бозгашти Трамп ба Вашингтон омадааст — ва мо хашмгинем."
Ӯ илова кард:
"Мо дар назди Кохи Сафед истодаем, зеро ҷои ин шахс дар Гаага аст, на дар Конгресси мо. Ӯ барои сулҳ наомада, балки омад, ки қатли омро ба ҷои дипломатия нишон диҳад."
Бенҷамин таъкид кард:
"Натаняҳу масъули куштори дастаҷамъӣ дар Ғаза аст. Ӯ ҳар оташбасеро, ки Исроил имзо мекунад, поймол мекунад. Ӯ таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад."
Вай боз гуфт:
"Бо ин ҳама… Трамп боз барояш қолини сурх паҳн мекунад. Мо мегӯем: Не!" Трамп, ки рӯзи душанбе мизбони Нетаняҳу буд, гуфт, як нақшаи баҳсбарангез барои кӯчонидани фаластиниҳо аз Ғаза дар ҳоли пешравист. Нетаняҳу дар оғози як нишасти хӯроки шом бо мақомдорони амрикоӣ ва исроилӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки Тел-Авив ва Вашингтон бо чанд кишвари дигар кор мекунанд, то ба гуфтаи ӯ, "ояндаи беҳтаре" барои фаластиниҳо таъмин кунанд ва пешниҳод кард, ки мардум метавонанд ба кишварҳои ҳамсоя кӯч кунанд. Ӯ гуфт: "Агар мардум хоҳанд бимонанд, мемонанд. Вале агар хоҳанд бираванд, бояд имкони рафтан аз Ғазаро дошта бошанд. Мо бо Амрико якҷо кор мекунем, то кишварҳое пайдо кунем, ки омодаанд ба фаластиниҳо як зиндагии беҳтар бидиҳанд. Ба назар мерасад бо чанд кишвар наздик ба мувофиқаем." Трамп аввал намехост дар бораи ҷузъиёти нақша чизе гӯяд, вале дертар гуфт, ки кишварҳои минтақа дар ин самт ҳамкорӣ доранд: "Мо бо кишварҳои гирду атроф ҳамкории хубе доштем ва фикр мекунем, ки натиҷаи хуб хоҳад дошт." Қаблан, Трамп идеяи кӯчондани иҷбории фаластиниҳоро ва табдил додани минтақаи Ғаза ба "Ривераи Шарқи Наздик" матраҳ карда буд. Ин дидор дар ҳолате баргузор шуд, ки музокироти ғайримустақим миёни Исроил ва Ҳамос барои оташбас дар Ғаза бо миёнаравии Амрико ҷараён дорад. Нақшаи пешниҳодии Амрико барои оташбас дар бар мегирад: Озод кардани зина ба зинаи асирони исроилӣ, Хуруҷи неруҳои исроилӣ аз қисматҳои Ғаза, Ва оғози гуфтугӯҳо барои анҷоми ҷанг. Аммо Ҳамос мегӯяд, аввал бояд ҷанг комилан қатъ шавад, то баъд сари озодии гаравгонҳо суҳбат шавад. Исроил бошад мегӯяд, то вақте ҳамаи гаравгонҳо озод нашаванд ва Ҳамос аз байн наравад, ҷанг идома хоҳад дошт.
4293224