Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз сомонаи ал-Яум, маросими шустушӯи Каъба бо ширкати Саъуд бин Машъал бин Абдулазиз, муовини амири Макка ва намояндаи подшоҳи Арабистони Саудӣ, ҳамроҳ бо чанде аз масъулони дигари давлатӣ баргузор гардид.
Ин шахзоди саудӣ пас аз ворид шудан ба дохили Каъба, деворҳои дохилиро бо оби Замзам, омехташуда бо гулоби Таоиф, тоза кард. Барои шустушӯ, аз пӯстҳои матоъ, ки аз қабл дар ин омехта тар карда шуда буданд ва аз тарафи Раёсати умумии умури Масҷидулҳаром ва Масҷиди Набавӣ омода шуда буд, истифода бурд. Баъд аз анҷоми шустушӯ, ӯ ду ракат намози тавоф адо кард.
Марҳилаи аввалини шустушӯи Каъба дирӯз — рӯзи чаҳоршанбе, бо боло бурдани пардаи дари Каъба оғоз ёфта буд. Ин иқдом бахше аз омодасозӣ барои марҳилаи асосӣ — шустушӯи пурраи Каъба ба шумор мерафт, ки субҳи имрӯз (панҷшанбе) тибқи стандартҳои навтарин анҷом дода шуд.
Шустушӯи Хонаи Каъба дар се марҳилаи аслӣ сурат мегирад, ки ҳар яке бо диққати комил ва нозукии хос анҷом мешавад.
Раванд бо истифода аз:
20 литр оби Замзам
80 миллилитр равғани уд (анбар)
540 миллилитр гулоби Таоиф оғоз мегардад.
Сипас, дар марҳилаи баъдӣ:
11 литр атри махсуси Каъба
3 миллилитр мушк (атри гарон)
истифода мешавад.
Дар поёни раванд, марҳилаи хушбӯгардонӣ ва бухургузорӣ анҷом мешавад, ки дар он:
500 миллилитр равғани гули садбарги Таоиф