IQNA

Ширкати қории мисрӣ дар иқдоми Қуръонӣ “Фатҳ”

18:03 - July 15, 2025
рақами хабар: 3592
Муҳаммад Абдулъазим Абдулло Абда, қории ҷавони мисрӣ, бо қироати оятҳое аз сураҳои гуногуни Қуръони Карим, ки мазмуни “пирӯзӣ ва фатҳ”-ро доранд, дар иқдоми Қуръонии “Фатҳ”, ки аз тарафи хабаргузории Иқно роҳандозӣ шудааст, ширкат кард.

Ба гузориши ИҚНО, Муҳаммад Абдулъазим Абдулло Абда бо ирсоли як навори видеоӣ аз қироати худ, чанд оят аз сураи муборакаи Фатҳ, сураи муборакаи Наср, ва ояти 139 аз сураи муборакаи Оли Имрон-ро хондааст.

Иқдоми Қуръонии “Фатҳ” пас аз ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар чунин шароите, ки душманони Инқилоби Исломӣ бо тавтиа ва дасисаҳояшон кӯшиш доранд руҳияи мардумро заиф ва ноумед кунанд, бо талоши Хабаргузории Байналмилалии Қуръон (ИҚНО) роҳандозӣ шудааст.

код

4294497

captcha