IQNA

Ҳузури довари эронӣ дар ҳайати доварони мусобиқаи байналмилалии Қуръони Малайзия

23:22 - July 22, 2025
рақами хабар: 3622
Баъд аз тақрибан бист сол, яке аз пешқадамон ва омӯзгорони қуръонии кишвари мо ба ҳайати доварии Шасту панҷумин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Малайзия ҳамроҳ мешавад.

Ба гузориши ИҚНО, Ғуломризо Шоҳмиваи Исфаҳонӣ, ки устоди варзида ва аз чеҳраҳои шинохтаи Қуръони Карим дар Эрон аст, имсол ба ҳайати доварони ин мусобиқаи бонуфуз даъват шудааст.

Маркази корҳои қуръонии Созмони авқоф ва корҳои хайриявӣ эълон кард, ки даъватномаи расмии иштироки ин довари байналмилалӣ чанд рӯз пеш ба ӯ супорида шудааст. Бо ин ҳол, бори аввал баъд аз 20 сол як довари эронӣ дубора дар қадимитарин мусобиқаи байналмилалии Қуръон дар ҷаҳон ширкат мекунад.

Масъулони марказ гуфтанд, ки ҳамоҳангиҳо ва гуфтугӯҳои ҳайати фиристодаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Малайзия, ки дар моҳи озари соли гузашта (қисми охири тирамоҳ) анҷом шуда буд, ва нақши муҳимми марҳум устод Абдуррасул Абоӣ дар мусобиқаҳои пешин, аз сабабҳои аслии даъвати ин довар ба шумор мераванд.

Марҳум Абдуррасул Абоӣ ягона довари эронӣ буд, ки қаблан дар ҳайати доварии ин мусобиқа ширкат доштааст.

Марҳилаи ниҳоии шасту панҷумин давраи мусобиқаҳои байналмилалии тиловат ва ҳифзи Қуръони Карим дар Малайзия, аз 11-уми августи соли ҷорӣ дар Маркази тиҷорати ҷаҳонии Куала Лумпур оғоз мешавад ва то 18-уми ҳамин моҳ идома меёбад.

Дар ин давр, Муҳсин Қосимӣ, қории барҷастаи кишварамон, ҳамчун намояндаи Эрон дар бахши қироати таҳқиқ, бо қориён аз дигар кишварҳо рақобат мекунад.

ИҚНО барои ин ду чеҳраи фаъол ва муҳими қуръонии кишвари мо дар ин рӯйдоди муҳими байналмилалӣ таманнои комёбӣ мекунад.

4295537

captcha