IQNA

Аз Ошуро то зуҳур: муқовимат, мероси Ҳусайнӣ ва умеди мазлумон

21:28 - July 23, 2025
рақами хабар: 3629
Аз дили Карбало як ниҳол сабзид, ки имрӯз бо муқовимати исломӣ таҳти раҳбарии Эрон ба як дарахти поку пурмева табдил ёфтааст ва заминаи пайдоиши як тамаддуни навро, ки бар адолат ва маънавият асос ёфтааст, муҳайё мекунад.

Ҳуҷҷатул ислом Шайх Муҳаммадҳодӣ Малакӣ, пажӯҳишгар ва фаъоли байналмилалӣ аз ҳавзаи Наҷаф, дар як мақолае барои хабаргузории ИҚНО бо унвони «Аз Ошуро то Зуҳур: Муқовимат, мероси Ҳусайнӣ ва умеди мазлумон», дар бораи низоми нави қудрати исломӣ ва нақши марказии Эрон ва меҳвари муқовимат таҳлил кардааст.

Аз Карбало як ниҳол сабзид. Имрӯз, он бо хуни шаҳидони муқовимат об дода мешавад ва зери раҳбарии Эрон ба як дарахти мустаҳкам табдил ёфтааст, ки пояи як тамаддуни адолатпарвар ва маънавӣ хоҳад буд.

Ҷаҳони ислом дар остонаи як тағйири бузург қарор дорад. Ин ниҳол, ки тухмаш дар Карбало кошта шуд, имрӯз бо устувории мардуми муқовимат рӯ ба рушд аст. Эрон — ҳамчун сутуни ин ҳаракати илоҳӣ — на танҳо таносубҳои ҷаҳониро зери суол бурдааст, балки бо илҳом аз Ошуро, роҳро барои тамаддуни нав боз кардааст.

Солҳо баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, тартиби ҷаҳонӣ тавре сохта шуд, ки танҳо панҷ қудрати бузург ҳаққи вето доштанд ва тақдири ҷаҳонро муайян мекарданд. Ҳар давлате, ки бо ин қоидаҳо мувофиқат намекард, "даволати исёнгар" номида мешуд.

Аммо таҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рӯзи инқилоб то имрӯз нишон дод, ки ин модели таҳмилии ҳукмронӣ мумкин аст шикананда бошад — ба шарте ки истиқлоли ҳақиқӣ, иқтидори дарунӣ ва такя ба иродаи мардум таъқиб шавад.

Эрон на танҳо ҳамчун як кишвари мустақил муқобили сохтори ҷаҳонии зулм қарор гирифт, балки як роҳи алтернативӣ пешниҳод кард: роҳи муқовимат — на барои тасаллути сиёсӣ, балки барои ҳимояи мазлумон, эҳёи иззати уммат ва заминасозии зуҳур.

Ғарб мегўяд, Эрон дунболи сохтани як империя аст, аммо ҳақиқат ин аст, ки ин ҳаракат реша дар амиқи эътиқоди шиа дорад — эътиқод ба як ҷомеаи одилонаи ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии Имоми Замон (аҷ).

Ин роҳ аз марзи Эрон берун рафт ва имрӯз дар кишварҳое чун Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман ва дигар нуқтаҳои олами ислом ҳалқаҳои як занҷираи муқовимат гаштааст. Иртиботи Эрон бо онҳо бар пояи манфиатҳои муваққатӣ нест, балки бар асоси аҳдофи эътиқодӣ ва таърихии дарозмуддат қарор дорад.

Таркиши қасдан ва ҳадафмандонаи фармондеҳони муқовимат дар Эрон, Лубнон, Сурия ва Ироқ — монанди Сайидулшухадои муқовимат, шаҳид Сайид Ҳасани Насруллоҳ ва дигарон — талоше буд барои қатъ кардани нафаси ин ҳаракат.

Аммо ҷавоби муқовимат на ҳаяҷонӣ, балки стратегӣ, мутавозин ва маънодор буд. Шиорҳое мисли "Ё Маҳдӣ адрикно" ки рӯи мушакҳо навишта мешуд, танҳо як эҳсос нест, балки як ҷаҳонбинии зинда аст.

Ин тафаккур ҳамон дарахти тоза ва сабзи Илоҳӣ аст, ки Қуръон ба он ишора мекунад:
"Оё намебинӣ, ки Худо чӣ гуна мисол задааст: сухани пок монанди дарахти покест, ки решааш мустаҳкам ва шохаҳояш дар осмон аст" (Иброҳим: 24).

Имрӯз ин дарахти муқовимат реша дар замин дорад ва шохааш ба осмон расида. Иродаи Илоҳӣ бар пирӯзии ин ҳаракат қарор гирифтааст.

Дар замоне ки мо дар моҳи Мӯҳаррам қарор дорем, бассирати Ҳусайнӣ беш аз ҳар вақт муҳим аст. Пирӯзиҳои муқовимат дар саҳнаи ҷанг, руҳи Ошуроро зинда медоранд — як рӯҳияе, ки зулмро намепазирад, иззатро талаб мекунад ва бо арзишҳо вафодор мемонад.

Вақте як мушаки муқовимат режими саҳюнистро меларзонад, як модар, як кӯдак, як ҷавон дар Ироқ, Фаластин ё Яман худро шарики ин пирӯзӣ эҳсос мекунад.

Имрӯз роҳбурди муқовимат танҳо як вокуниш ба зулми Ғарб нест. Он як низоми навини ҷаҳонӣ аст — бар пояи иродаи миллатҳо, ақидаи устувор ва марказияти адолат.

Эрон, ҳамчун нуқтаи ибтидоии ин ҳаракат, тавонист низоми ҷаҳониро ба чолиш кашад ва як роҳкори фаромиллӣ, фаромазҳабӣ ва фарорегионалӣ эҷод кунад — дар қалби бӯҳронҳо, бо умеди зуҳур.

4295736

 

captcha