Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин мусҳафи хаттӣ ва ду нусхаи дигар лобалои деворҳои хонае дар Малага воқеъ дар ҷануби Испания кашф шудааст. Ин нусхаҳои хаттӣ мутааллиқ ба фақеҳе ба номи Муҳаммад Ал-Ҷиёр аст, ки илова бар фиқҳ дар риёзиёт, шеър ва нуҷум низ олим будааст.
Ба гуфтаи расонаҳои испанияӣ ин нусах барои беш аз 5 қарн пинҳон буда, аммо дар ҷараёни як бозсозӣ дар 28 июн соли 2003 дар ҷараёни як бозсозӣ кашф шуданд, бо ин ҳол хабари ин кашф ба тозагӣ ва пас аз гузашти беш аз ду даҳа, интишор ёфтааст.
Муҳаммад Ал-Ҷиёр, фақеҳ ва мубаллиғи шаҳри Ал-Кавсар воқеъ дар минтақаи Малага дар Андалуси он давра буд ва дар соли 1490 ба ин шаҳр ворид шуд. Ӯ дар осори худ ба масоили фиқҳӣ ва таърихӣ пардохтааст ва дар ин осор вазъияти он рӯзи Андалус ва ҳамчунин суқути Гранада ва поёни кори ҳокимони мусулмон дар Испанияро шарҳ додааст.
Дар соли 1500 мелодӣ ӯ аз ҷониби ҳокимони масеҳӣ мухайяр шуд, ки ё масеҳӣ шавад ва ё Андалусро тарк кунад ва вай дувуминро интихоб кард; Аммо Муҳаммад Ал-Ҷиёр, бо вуҷуди тарки он шаҳр мусҳаф ва ду нусха аз осори худро дар миёни девори хонаи худ пинҳон кард ба умеди рӯзе, ки дубора ба он шаҳр бозгардад.
Соҳиби кунунии хона дар мавриди ин кашф мегӯяд: мо аз пайдо кардани ин нусахи хаттӣ бисёр ғофилгир шудем ва ҳеҷ кас интизори чунин чизеро надошт, ин нусхаҳо пӯшонда ва дар миён деворҳои аризи хонаҳои суннатии Андалус пинҳон шуда буд.
Мария Изабел Калеро, шарқшинос ва устоди бознишастаи донишгоҳ, ки бештари вақти худро сарфи мутолиаи нусхаҳои аслӣ дар донишгоҳи Малага кардааст, мегӯяд: ин Қуръон яке аз ду нусхаи қадимии кашф шуда дар Испания аст.
Мусулмонони Андалус авоили қарни шонздаҳуми мелодӣ ба рағми паймон ва тааҳҳуди ҳокимони масеҳӣ мабни бар эҳтиром ба ақоиди динии онҳо, водор ба тағйири дин ва ё тарки Испания шуданд.