Ба гузориши ИКНО, ба нақл аз “Ахбори шиа”, Анвар Иброҳим дар суханронӣ дар ҳамоиши "Малайзия Пермунгат 2025", ки дар шаҳри Путраҷайя баргузор шуд, гуфт:
«Зеҳни сунъӣ бояд дар партави шариати исломӣ ва арзишҳои ахлоқӣ пеш равад. Агар на, он метавонад ба гумроҳии инсон сабаб шавад.»
Ӯ дар миёни намозгузорон гуфт:
«Ренессанси воқеӣ наметавонад танҳо бар асоси пешрафти фаннӣ бошад. Барои рушду наҷоти ҷомеа, як низоми ахлоқие лозим аст, ки технологияро роҳнамоӣ кунад.»
Сарвазири Малайзия таъкид кард:
«Танҳо фанноварӣ кофӣ нест, ҳатто метавонад гумроҳ кунад — магара бо нури арзишҳо равшан шавад.»
Анвар Иброҳим аз олимон, муҳаққиқон ва сиёсатгузорон хост, ки барои сохтани як нақшаи миллии кишвар дар даврони зеҳни сунъӣ ҳамкорӣ кунанд.
«Малайзия намехоҳад ба моделҳои воридотии кишварҳое такя кунад, ки маъно ва ҳадафи худро гум кардаанд. Мо бояд моделҳои худро бар пояи арзишҳои исломи асил бисозем.»
4295813