Бино ба гузориши икно бо истинод ба Tifelt Press, ин маросим рӯзи душанбе, 29 тир, дар фазои пур аз маънавият ва бошукӯҳ бо ҳузури масъулони динӣ ва маҳаллӣ, инчунин сокинони шаҳри Тифлет баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории он гиромидошти 1500-солагии мавлуди Паёмбари Ислом (с) буда, таҳти шиори Қуръонӣ: «Мо ин Зикр (Қуръон)-ро нозил кардем ва ҳатман худ нигаҳбони он ҳастем» баргузор гардид.
Мактаби Қуръонии вобаста ба масҷиди Ал-Қудс дар шаҳри Тифлет бо ҳамоҳангии Шӯрои уламои маҳаллии Хамисат, намояндагии Вазорати авқоф ва корҳои исломии Марокаш, инчунин мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои амниятӣ дар ташкили ин маросим саҳм гузоштанд. Роҳпаймоӣ аз назди бинои шаҳрдории Тифлет оғоз гардида, то масҷиди Ал-Қудс идома ёфт.
Ин барнома, ки саҳнаи зебо ва таъсирбахши маънавиро ба намоиш гузошт, аз ҷониби шаҳрвандоне, ки барои тамошои ин рӯйдоди вижаи мазҳабӣ дар канори кӯчаҳо саф кашида буданд, бо истиқболи гарму самимӣ рӯ ба рӯ шуд.
Корвони Қуръонӣ бо пешсафии неруҳои амнияти миллӣ оғоз гардид. Онҳо амнияти тамоми масири роҳпаймоиро таъмин намуда, бо ҳамкории неруҳои ёрирасон ҳаракати нақлиётро низ ба танзим медароварданд.
Дар тӯли роҳ иштирокчиён бо хондани сурудҳои мазҳабӣ ва мадҳияи Паёмбари Акрам (с) фазои рӯҳонӣ ва пурнишотеро ба вуҷуд оварданд. Донишомӯзоне, ки ба муносибати хатми ҳифзи Қуръон қадрдонӣ шуданд, бо либосҳои миллӣ, савори асп ва дар даст доштан тахтаҳои Қуръонии худ дар саҳнае ҳузур пайдо карданд, ки ҷойгоҳи мактабҳои бонуфузи Қуръонии Марокашро таҷассум намуда, ифтихор аз ҳифзи Қуръон ва ташвиқи ҷавонон ба омӯзиш ва азбар кардани онро бозтоб медод.
Роҳпаймоии Қуръонӣ як чорабинии ҳамасола мебошад, ки мақому манзалати мактабҳои Қуръониро дар ҷомеаи Марокаш таҳким бахшида, нақши меҳварии онҳоро дар тарбияи наслҳо бар пояи арзишҳои исломӣ, ҳифзи Китоби муқаддас ва густариши фарҳанги эътидол ва таҳаммулпазирӣ барҷаста месозад.
4365297