Ба гузориши Иқно, Оятуллоҳ Иърофӣ мудири умуми мактабҳои динӣ, рӯзи 4-уми морди (муодили 26-уми июл) дар як нишасти хабарӣ дар маркази идоракунии Ҳавзаи илмии Қум гуфт, ки ин конгресс ба ёди ин шахсиятҳои бузург дар Эрон, Ироқ ва Лубнон баргузор мешавад.
Ӯ дар оғоз аз шаҳидони ду соли ахир, хусусан шаҳидони ҷанги 12-рӯза ёдоварӣ кард ва гуфт:
“Мо бо мардуми Фаластин, бахусус бо мардуми Ғазза, ки дар шароити бисёр сахт ба сар мебаранд, изҳори ҳамдардӣ мекунем ва умедворем Худованд шарри душманони Ислом ва Эронро ба сарашон баргардонад.”
Иърофӣ бо ишора ба мақсади баргузории ин конгресс гуфт:
“Секретариати конгресси 'Амноур-расул' ин ҳадафро дорад, ки шахсиятҳои бузурги исломиро, ки дар Эрон ва минтақа таъсиргузор буданд аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҷомеа муаррифӣ кунад.”
Ӯ илова кард:
“Маркази барномаҳои ин конгресс ду шаҳр аст: Қум ва Наҷаф чунки ин ду ҷо маркази таърихии андешаи шиа ва фарҳанги исломиянд.”
Иърофӣ таъкид кард:
“Дар ин конгресс аз донишмандону рӯҳониёни маъруфи ду ҳавза ки нақши калидӣ дар илм, фарҳанг, сиёсат ва ҷомеа доранд ёд мешавад ва ба мардум муаррифӣ мегарданд.”
Ӯ афзуд:
“Ҳадафи асосии конгресс шиносондани ин шахсиятҳо ҳамчун намуна барои насли ҷавон ва ҷомеа аст. То ҳол чанд барнома баргузор шудааст ва мақолаҳою осоре низ ба нашр расонида шудаанд.”
Дар бораи шахсиятҳо ӯ чунин гуфт:
Сайид Ҳасани Насруллоҳ, шаҳиди муқовимат ва раҳбари шиаҳои Лубнон
“Ӯ бо тамоми вуҷуд аз Раҳбари муаззами Эрон пайравӣ мекард, шахсиятҳои бузургеро тарбия дод ва дар воқеъ, як мактаби сиёсӣ, фарҳангӣ ва инқилобӣ сохт. Мақсади мо шинохти дубораи ҳамин мактаб аст.”
Оятуллоҳ Сафии Гулпойгонӣ
“Як шахсияти калидӣ дар соҳаҳои ақида, фиқҳ, калом ва эҳёи андешаи Маҳдавият буданд. Осори гаронбаҳояшон ба чандин забон тарҷума шуда ва бознашр хоҳанд шуд.”
Оятуллоҳ Шаҳристонӣ
“Як олими варзида ва хеле бофаҳм, вале то ҳол он гуна ки лозим аст, шинохта нашудааст. Мо шахсият ва осори ӯро баррасӣ мекунем, то барои насли ҷавон роҳкушо ва намуна гардад.”
Иърофӣ ҳамчунин ба ҳамоиши 100-солагии таъсиси Ҳавза (маркази илмии динӣ) ишора кард ва гуфт:
“Нуқтаи авҷи ин ҳамоиш, паёми пурмуҳтавои Раҳбари муаззам буд, ки самти ҳаракати мактабҳои илмии диниро барои солҳои оянда муайян мекунад.”
4296420