IQNA

Пешбинии рақобати сахт дар даври ниҳоии озмуни байналмилалии Қуръон миёни донишҷӯёни мусулмон

15:11 - July 27, 2025
рақами хабар: 3650
Муътаз Оқоӣ, довари даври муқаддамотии ҳафтуми озмуни байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусулмон, гуфт, ки бо дарназардошти сатҳи баланду ҷиддии даври аввал, дар марҳилаи ниҳоӣ рақобат хеле танг, пурфишор ва чолишбарангез хоҳад буд.

Ба гуфтаи Оқоӣ дар суҳбат бо хабарнигори Иқно, даври муқаддамотии ин мусобиқа дар тӯли се рӯз ва бо ширкати қорӣён аз 45 кишвар, ба шакли онлайн (виртуалӣ) баргузор шудааст.

Ӯ гуфт:
“Дар тӯли се рӯз мо шоҳиди рақобати хеле ҷиддӣ ва сатҳи баланди ҳифз ва қироат будем. Ҳатто баъзе аз иштирокчиён холҳои комил гирифтанд ва беш аз нисфи ширкаткунандагон сазовори холҳои аъло шуданд.”

Вай таъкид кард:
“Ин дар ҳоле аст, ки одатан дар ҳар як озмун ширкаткунандагон дар сатҳҳои гуногун ҳузур доранд ва интизор намеравад, ки ҳамаашон комил бошанд. Аммо сатҳи баланди ин марҳила нишон дод, ки рақобат аз он чи интизор мерафт, хеле болотар буд.”

Оқоӣ дар идома гуфт:
“Ҳоло бояд бинем масъулини баргузории озмун дар марҳилаи нимниҳоӣ чӣ тадбир меандешанд, зеро дар ин давра, арзёбӣ ба шакли ҳузурӣ сурат мегирад. Аз миёни ҳамаи ин ҳофизон, ки дар арзёбии аввал ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд, танҳо 5 ё 6 нафар ба даври ниҳоӣ (финал) роҳ меёбанд. Албатта, ин корро барои доварон душвортар мекунад ва талаб ба дақиқии зиёд дорад.”

Довари озмун афзуд:
“Дар марҳилаи муқаддамотӣ, ман маҷбур будам барои ҳар як қорӣ, дар бахшҳои гуногун  мисли садо ва лаҳн, вақфу ибтидо (яъне таваққуф ва оғоз дар қироат), саҳеҳии ҳифз ва ғайра, то 5 ё 6 холи ҷудогона бидиҳам. Албатта дар марҳилаҳои баъдӣ (нимниҳоӣ ва финал) барои ҳар як аз ин бахшҳо доварони махсус таъин хоҳанд шуд. Ин равиш, табиист, ки ба онҳое, ки омодагии бештар доранд, кӯмак мекунад, то натиҷаҳои беҳтар ба даст оранд.”

Мудири умури Қуръонии Ҳарими муқаддаси Ҳазрати Абулъазим (а) ҳам гуфт:
“Дар ин бахш, файлҳои садобардории ширкаткунандагон аз кишварҳои Афғонистон, Лубнон ва Ироқ низ, ки тибқи ойинномаи мусобиқа ва тавассути сафоратҳо ба дабири озмун фиристода шуда буданд, дубора санҷида шуданд.”

Вай дар поён хулоса кард:
“Бо таваҷҷуҳ ба раванди се рӯзи марҳилаи муқаддамотии риштаи ҳифзи кулли Қуръон, метавон гуфт: намояндагони кишвари мо дар даврҳои баъдӣ (нимниҳоӣ ва финал) кори осон надоранд. Зеро бештари иштирокчиён бо омодагии комил ва сатҳи баланди илмӣ вориди майдони рақобат шудаанд.”

4296278

captcha