IQNA

Ҳаракати бузургтарин мавкиби азодорон аз ҷануби Ироқ ба сӯи Карбало + видео

6:51 - July 29, 2025
рақами хабар: 3659
Гурӯҳи азодории «Бани Омер», ки яке аз калонтарин ҳайатҳои азодории Ироқ ҳисоб мешавад, дар остонаи Арбаини Ҳусайнӣ ҳаракаташро аз шаҳри Басра ба самти Карбало оғоз кард.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз сомонаи Ал-Сумария, зоирони ироқӣ, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хос роҳпаймоӣ мекунанд, аз нуқтаи ҷанубтарини Ироқ бо по ба самти Қиблаи ошиқон ва озодагон  Карбало  ҳаракат мекунанд.

Гурӯҳи сафедпӯши «Бани Омер» ҳар сол наздик ба Арбаин аз Басра ба роҳ мебароянд ва то рӯзи 19-уми моҳи Сафар ба Карбалои муъалло мерасанд. Баъди расидан, бо садои «Лаббайк ё Ҳусайн!» ба зиёрати ҳарами Имом Ҳусайн (а) мушарраф мешаванд.

Ин мавкиб (гурӯҳ)-и «Бани Оамер» яке аз калонтарин мавкибҳои Ҳусайнӣ дар тамоми дунё аст, ки ҳар сол дар рӯзи Арбаин дар байни ду ҳарам (байн-ул-ҳаромайн) бо шиорҳои динӣ ва қуръонӣ ҳузур меёбанд ва бо нишон додани оятҳои бузурги Қуръон фаъолиятҳояшонро дар он ҷо баргузор мекунанд.

код

4296577

captcha