IQNA

Раҳбари муаззами инқилоби ҶИЭ дар маросими гиромидошти шаҳидони ҷанги таҳмилии ахир: Ҷумҳурии Исломӣ ба дунё нишон дод, ки пояҳои давлати мо то чӣ андоза қавӣ ва устувор аст.

13:44 - July 30, 2025
рақами хабар: 3661
Субҳи имрӯз дар маросими ёдбуди шаҳидоне, ки дар ҷанги таҳмилии ахир шаҳид шуданд, Раҳбари Муаззами Инқилоб гуфтанд: «Ин ҷанг ирода ва қудрати Ҷумҳурии Исломиро ошкор кард ва нишон дод, ки пояҳои давлати мо бениҳоят мустаҳкаманд.» Афзуданд: «Миллати мо, бо тавфиқи Худованд, роҳи таҳкими имон ва густариши донишҳоро ҳеҷ вақт раҳо намекунад. Ба чашми душман, мо метавонем Эронро ба қуллаи пешрафт ва ифтихор бирасонем.»

Ба гузориши ИҚНО, ба муносибати чиҳилумин рӯзи шаҳодати шаҳидони ҷанги 12-рӯза, ки аз ҷониби режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Эрон сурат гирифт, имрӯз як маросими бузург бо ҳузури раҳбар, хонаводаҳои шаҳидон, мардум ва масъулин дар Ҳусейнияи Имоми Хумайнӣ (р) баргузор шуд.

Раҳбари инқилоб дар суханрониашон гуфтанд:
«Ин ҷанг на танҳо нишонаи ирода ва қудрати Ҷумҳурии Исломӣ буд, балки нишон дод, ки пояҳои ин низом чи қадар бениҳоят мустаҳкам аст.»

Онҳо таъкид карданд:
«Сабаби аслии душманиҳо  мухолифати душманон бо имон, дониш ва иттиҳоди миллати Эрон аст. Вале миллати мо бо ёрии Худо аз роҳи имон ва илму дониш гашта намекунад. Ба рӯи душман, мо Эронро ба қуллаи ифтихор мерасонем.»

Оятуллоҳ Хоманаӣ бори дигар ба хонаводаҳои сарбозон, донишмандон ва мардумони азизе, ки дар ҷанги ахир шаҳид шуданд, изҳори таслият карданд ва илова намуданд:

«Миллати Эрон дар ин 12 рӯз, ба ғайр аз он ки ифтихорҳои бузург ба даст овард, як чизи муҳими дигарро ҳам ба ҷаҳониён нишон дод  яъне ирода, устуворӣ ва қудрати худро. Ҳар касе дид, ки давлати мо бо дасти пур ва иродаи устувор дар майдон ҳузур дошт.»

Онҳо афзуданд:
«Ин гуна рӯйдодҳо барои мо нав нест. Дар 46 соли гузашта  аз замони ҷанги 8-сола то шӯришҳо, фитнаҳои сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ  мо борҳо дар чунин шароит қарор доштем ва ҳамаи тавтиаҳои душманро ба нокомӣ кашондем.»

Раҳбар таъкид карданд:
«Пояи Ҷумҳурии Исломӣ бар ду рукн аст  дин ва дониш. Ҷавонони мо ҳамеша бо такя ба ин ду асос, душманро ақибнишинӣ доданд ва аз ин ба баъд низ ҳамин тавр хоҳад буд.»

Онҳо сабаби аслии зидиятҳои истикбор (маҳз Амрико) бо Ҷумҳурии Исломиро чунин шарҳ доданд:

«Онҳо гӯё мегӯянд мушкилашон барномаҳои ҳастаӣ, бойсозӣ ё ҳуқуқи инсон аст  вале ин ҳама баҳонаанд. Ончи онҳоро воқеан нороҳат кардааст  ин аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ сухани нав, фикри нав ва қудрат дар илмҳои гуногун, инсонӣ, техникӣ ва динӣ дорад.»

Раҳбар боз ҳам таъкид карданд:

«Миллати мо, бо тавфиқи Худованд, ҳаргиз аз дин ва донишаш даст намекашад. Мо дар роҳи тақвияти имон ва густариши донишҳои гуногун, қадамҳои бузург мебардорем. Ва ба рӯи душман, Эронро ба авҷи пешрафт ва шараф мерасонем.»

Дар ин маросим, чанд қории Қуръон оятҳо тиловат карданд.

Ҳамчунин Ҳуҷҷатул-ислом Рафиъӣ бо истинод ба хутбаи 182-и Наҳҷул-Балоға аз хусусиятҳои шаҳидони ҷанги Сиффин ёд кард ва онҳоро бо шаҳидони ҷанги таҳмилии ахир муқоиса намуд:

Ҳашт хусусияти муҳим:

Пофишорӣ дар роҳи ҳақ

Ҳаракат дар роҳи ҳақиқат

Қироати Қуръон ва амал ба он

Иҷрои фарзҳо

Эҳёи суннатҳои Худо

Ҷилавгирӣ аз бидъатҳо

Ҳузур дар ҷиҳод

Пайравӣ аз раҳбар

Рафиъӣ гуфт:
«Қуръон ошкор гуфтааст, ки ду омил сабаби ёрии Худо мешаванд: имон ва таваккал. Ин ду чиз дар ҷанги ахир комилан барҷаста буданд ва сабаби устувории миллати Эрон шуданд.»

Дар поёни маросим, Муҳаммадризо Базрӣ шеърҳое дар бораи шаҳидон ва қаҳрамониҳои онҳо хонд, инчунин барои мусибатҳои хонадони Паёмбар (Алиҳамуссалом) марсия хонданд.

4297015

captcha