Ба гузориши Ал Ҷазира, 71 фоизи онҳое, ки худро аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ муаррифӣ карданд, гуфтанд, ки аз рафтори Исроил ҳимоят мекунанд. Аммо миёни демократҳо, ин рақам танҳо 8 фоиз будааст.
Дар маҷмӯъ, 60 фоизи ширкаткунандагони назарсанҷӣ гуфтаанд, ки бо амалиёти низомии Исроил дар Ғазза мухолифанд.
Шибли Талҳамӣ, профессори Донишгоҳи Мэриленд ва мудири "Critical Issues Poll", гуфт, ки ин пурсиш нишондиҳандаи як равияи рӯ ба афзоиш дар норизоият аз Исроил аст, ки ҳатто берун аз ҷанг дар Ғазза меравад.
Ӯ ба Ал Ҷазира гуфт:
«Он чизе ки мебинем, ташаккули як намунаи наслӣ (яъне вобаста ба синну сол) аст бахусус миёни ҷавонони демократ ва мустақил ва ҳатто бархе ҷавонони ҷумҳурихоҳ ки вазъи фоҷиавии Ғаззаро ба тавре мебинанд, ки ин вазъ сифати хоси Исроилро нишон медиҳад.»
Вай ҳамчунин ба афзалиятҳои раъйдиҳандагон ишора кард ва гуфт:
«Дар интихоботҳои ИМА, масъалаҳои сиёсати хориҷӣ маъмулан муҳим набудаанд. Бештар масъалаҳои дохилӣ монанди сақти ҷанин, иқтисод ва назорати силоҳ барномаи аслӣ дар интихоботҳои демократҳоянд.»
Ӯ инчунин нуфузи лоббиҳои ҷонибдори Исроил, монанди AIPAC (Кумитаи равобити ҷамъиятии Амрико ва Исроил)-ро зикр кард, ки миллионҳо доллар харҷ мекунанд, то номзадҳои интиқодкунандаи сиёсати Исроил, бахусус номзадҳои тараққихоҳ дар ҳизби демократро дар интихоботҳои муқаддамотӣ шикаст диҳанд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, вазъият дигар мешавад.
Талҳамӣ гуфт:
«Имрӯз масъалаи Фаластин барои мардум аҳамияти шахсӣ пайдо кардааст мардум ба он аз зовияи шинохти шахсии худ менигаранд ва ин роҳе шудааст барои зери шубҳа бурдани ончи ки бовар доштанд.»
Ӯ таъкид кард:
«Масъала танҳо Ғазза нест. Суол ин аст, ки мо ҳамчун як кишвар бо ёрӣ, пуштибонӣ ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҳамкории мустақим чӣ нақше дар ин фоҷиа дорем?»
Дар назарсанҷии рӯзи сешанбе, фақат 9 фоиз аз ҷавонҳое ки камтар аз 35 сол доранд, гуфтаанд, ки аз амалиёти Исроил пуштибонӣ мекунанд ва танҳо 6 фоиз назари мусбат нисбат ба Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил, доштанд.
Ин пурсиш пас аз як пурсиши дигар аз маркази Pew Research дар моҳи апрел анҷом шудааст, ки нишон медод:
бештари пурсидашудагон, ҳатто 50 фоиз аз ҷумҳурихоҳони зери 50-сола, назари манфӣ нисбат ба Исроил доранд.
Бо вуҷуди ин, сиёсатҳои расмии Вашингтон тағйир накардааст. Амрико ҳамоно пуштибонии бечунучаро аз Исроилро идома медиҳад ва аз оғози ҷанг то ҳол, миллиардҳо доллар кӯмаки низомӣ ва ҳамчунин пуштибонии дипломатӣ дар СММ ба Исроил додааст.
Ҳам Доналд Трамп ва ҳам Ҷо Байден, ду президенти охири Амрико, ҷанги Исроил алайҳи Ғаззаро қотеона пуштибонӣ кардаанд ҳамлае, ки созмонҳои ҳуқуқи башар онро наслкушӣ (генотсид) мехонанд.
То ба ҳол, Исроил беш аз 60 ҳазор фаластиниро дар Ғазза ба шаҳодат расондааст, муҳосираи пурра ҷорӣ кардааст ва аксари минтақаҳоро бо хок яксон карда, биноҳоро ба гунаи фоҷиавӣ вайрон намудааст.
Ин муҳосира ба гурбиши шадиди мардум ва ҳоли бад оварда расондааст. Созмони Милал рӯзи сешанбе гуфт, ки «далелҳои рӯ ба афзоиш аз қаҳтӣ ва гуруснагии густурда» дар Ғазза вуҷуд дорад.
Бо вуҷуди ин ҳама, Конгресси Амрико ҳамчунон бо иттифоқи дуҳизбӣ аз Исроил пуштибонӣ мекунад. Аввали ҳамин моҳ, як қонуни пешниҳодшуда барои ҷилавгирӣ аз кӯмаки 500 миллиондолларии низомӣ ба Исроил бо 422 раъйи мувофиқ ва танҳо 6 раъйи мухолиф рад карда шуд.
Бояд гуфт, ки пас аз оғози ҷанг дар Ғазза, ки ҳаёти мардумони бегуноҳи онҷоро шадидан таҳти таъсир қарор дод, нигариши мардум дар кишварҳои ғарбӣ бахусус Амрико дар бораи Исроил, Фаластин ва ҳатто Ҳамос тағйир ёфт.
Роҳпаймоиҳои эътирозӣ, ки қатъи ҷанг ва маҳкум кардани наслкушии Исроил-ро талаб мекарданд, тағйироти қобили таваҷҷӯҳ дар назарсанҷиҳоро ба бор овардаанд. Ин, бахусус, дар ҷомеаи Амрико, ки Исроилро муттаҳиди аслии худ дар Ховари Миёна мешуморад ва ҳар сол кӯмаки моливу низомӣ медиҳад, бештар эҳсос мешавад.
Пурсишҳо нишон медиҳанд, ки фикри мардум аз сиёсатмадоронашон ҷудо шудааст.
4297169