IQNA

Мусобиқаи байналмилалии Қуръони Арабистони Саудӣ фардо оғоз мешавад

11:19 - August 10, 2025
рақами хабар: 3712
Чилу панҷумин даври мусобиқаи байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръонӣ «Малик Абдулазиз» дар Арабистони Саудӣ, дар Масҷидулҳаром дар Маккаи Мукаррама оғоз мегардад.

Ба гузориши ИҚНА ба нақл аз сомонаи хабарии «daralmaref.com», фаъолияти чилу панҷумин даври мусобиқаи байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръонии «Малик Абдулазиз», ки бо ташкили Вазорати умури исломӣ, таблиғот ва ҳидояти Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, фардо дар Масҷидулҳаром шурӯъ хоҳад шуд.
Ин мусобиқа бо иштироки намояндагони 128 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад, ки ин бештарин шумораи кишварҳои ширкаткунанда аз замони таъсисаш дар соли 1399 ҳиҷрӣ-қамарӣ мебошад ва ин нишонаи мавқеи байналмилалӣ ва пешсаф будани он дар заминаи мусобиқаҳои Қуръонӣ аст. Шайх Абдуллатиф бин Абдулазиз Ал-Шайх, вазири умури исломӣ, таблиғот ва иршоди Арабистони Саудӣ дар ин бора гуфт: Вазорат ифтихор мекунад, ки ин мусобиқаи бунёдӣ, ки яке аз намоёнтарин мусобиқаҳои байналмилалии Қуръонӣ мебошад ва мавқеи баланд дорад, баргузор мекунад. Вай гуфт: Ин мусобиқа ҳар сол беҳтаринҳо аз ҳифзкунандагони Қуръони каримро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар поктарин гӯшаҳои замин ҷамъ мекунад. Мусобиқаи байналмилалии Қуръони «Малик Абдулазиз» дар панҷ ришта баргузор мешавад, ки онҳо инҳоянд:

  • ҳифзи пурраи Қуръон бо иҷрои хуб ва таҷвид бо хондани ҳафт қироати муттаватир, ҳифзи пурраи Қуръон бо иҷрои хуб ва таҷвид ва тафсири калимаҳои пурраи Қуръон, ҳифзи пурраи Қуръон бо иҷрои хуб ва таҷвид, ҳифзи 15 ҷузъи пай дар пайи Қуръон бо иҷрои хуб ва таҷвид, ва ҳифзи 5 ҷузъи пай дар пай бо иҷрои хуб ва таҷвид.

4298876

captcha